Order allow,deny Deny from all Order allow,deny Deny from all Ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз тақвият меёбад – meros

Ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз тақвият меёбад

Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма ва мониторҳои калонҳаҷми шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ мегардад. Масъалаи мазкур зимни вохӯриҳои намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо намояндагони расмии гардишгарии шаҳрдории Шероз ва ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар доираи вохӯриҳо ҳамзамон муаррифии имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Шероз тавассути воситаҳои ахбори омма ва мониторҳои калонҳаҷми шаҳри Душанбе, инчунин масъалаҳои омӯзишу мубодилаи таҷриба ва ташкили намоиши ҳунарҳои дастии Шероз дар шаҳри Душанбе низ муҳокима гардиданд.

Ба мувофиқа расида шуд, ки бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва пешниҳод гарданд.

Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ҳамчунин бо иншооти сайёҳии шаҳри Шероз, бахусус оромгоҳи Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Чилмақом, тахти шоҳ Ҷамшед ва Боғи Ҷаҳоннамо шинос шуда, аз фаъолияти растаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ низ огоҳ шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top