Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то имрӯз расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз дар таъриху тамаддуни мардумони форсу тоҷик–рӯзи фараҳмандтарин, рӯзи нав, оғози соли нав, эҳёи табиат ба ҳисоб меравад. Табиат ва одамият дар ин рӯз аз нав эҳё гардида, ҳаёти навро оғоз менамоянд. Ҷиҳати қадимият ва ҷашнгирии Наврӯз ақидаҳои олимони соҳаи таъриху фарҳангшиносӣ гуногун мебошад. Масалан, яке муҳақиқони соҳавӣ, профессор Меҳрдоди Баҳор шогирди ироншиноси маъруфи ғарб Хенинг чунин меҳисобад, ки ҷашнгирии Наврӯз аз сеҳазорсолаи пеш аз миллод оғоз мегирад. Ва кулли муҳақиқон итминони онро доранд, ки Наврӯз ҷашни миллии маҳз мардуми форсизабон мебошад.
Сабаби чунин пойдории ин ҷашни оламшумули мардуми форсизабон–Наврӯзи аҷам дар он мебошад, ки тамоми ҷузъҳои зебои ҳаёт, хотироти наку ва қаҳрамонҳои асотирии ин мардумон маҳз ба ҳамин рӯз рост меояд, аз ҷумла: тавлиди шоҳ Каюмарс, Ҳушанг-шоҳи аввали Пешдодиён, Фариддун дар ин рӯз давлати худро ба 3 фарзанди худ Салмро-Рум, Турро-Турон, Эраҷро-Эронро бахшид. Сом аз авлоди Наримон дар ин рӯз муқовимати худро ба муқобили ифротиён оғоз бахшида бар онҳо ғалаба намуд, Зардушт дар ин рӯз ба дунё омадааст. Шоҳони Каёонӣ маҳз дар ҳамин рӯзи фирӯз ба тахт нишаста, шоҳ Гуштосп тоҷи шоҳиро бар сар ниҳод, бани Катоюн ва Ҷамосп пайравони дини Зардуштӣ гардиданд.
Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳуми тоҷик дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».
Дар рисолаи «Наврӯзнома»-и Умари Хайём низ ба ҳамин нигориши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем.
Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шаступанҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чу ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд.
Масалан, дар гузоштани «ҳафтшини ниёгони мо чунин тасвир намудаанд:
Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Эрон,
Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,
Шамъу шамшоду шойеъ андар хон.
Умуман ин ҷашн ба ҷаҳонбини ва ҳувияти миллии мардуми форсизабонон алоқаи бениҳоят зич дорад. Тибқи ривоятҳои асотири мардумони форсизабон, ҷашнгирии Наврӯзро дар давраи ҳукмронии шоҳ Ҷамшед оғоз намуда, ҳама накӯкориҳои онро мардумон бо «рӯзи нав» -Наврӯз қабул намуданд ва он дар тамоми қаламрави империяҳои бузурги Ҳахоманишӣ, Сосонӣ ва Сомониён ҷорӣ гардида буд ва то ба имрӯз ба мо омада расидааст.
Фирдавсии бузург бахшида ба оғози наврӯзи оламшумул чунин овардааст:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро, рӯзи нав хонданд.
Сари Соли нав ҳурмузи фарвардин,
Баросуд аз ранҷ тан, дил аз кин
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Баъди қабул гаштани дину оини мубини ислом ва забони нав дар давоми «хомушии ду асра» мардуми форсизабон тавонист то фарҳанги хешро нигоҳ дошта онро равнақ диҳанд. Ин эҳёгардонӣ як ҷузъи қадимаи тамаддун ва фарҳанги мардуми ориётабор буда, ҳиссаи босазоест дар тамаддун ва фарҳанги умумибашар ва дар ин рӯз тамоми мардумонро барои ҳаёти накӯ, дӯстӣ ва накӯкорӣ даъват мекунад. Зебоӣ ва сеҳру бақои Наврӯз пеш аз ҳама ба офарандагони ин ҷашни бошукуҳ, яъне мардумони форсизабон тааллуқ дошта, он боиси сарбаландии ин мардумон мебошад, ки тавонистанд чунин як ҷашни оламшумулро тавассути таъриху фарҳанг ва суннатҳои миллии хеш ба ҷомеаи умумибашарӣ тақдим намоянд.
Дар миёни тамоми ҷашну маросимҳое, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар дунё ҷашн гирифта мешавад, Наврӯз яке аз ҷашнҳои зеботарин ва қадимтарин ба ҳисоб меравад. Наврӯз дар тули 7-руз ҷашн гирифта шуда, мардумон онро бо тайёрии бесаброна интизорӣ менамоянд. Муҳаббати беандозаи ниёгони мо ба тозагии Ватан ва диёри хеш, ҳифзу ҳимояи мероси таърихию фарҳангии худ ҳануз аз замонҳои қадим дар ниҳоди онҳо ҷой гардида буд.
Онҳо сару либоси хеш ва ҷиҳозҳои хонадонашонро тозаву озода гардонида, манзилу макони хешро оро медиҳанд ва дастархони наврӯзии хешро бо маъводҳои «ҳафтсин»- себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак ва
«ҳафтшин»- шаҳду ширу шаробу шаккари ноб, шамъу шамшоду шоя (мева).
Тибқи ақидаи шарқшиноси маъруф Р. Фрай «Фарҳанг ва тамаддуни форсҳо дар равнақи тамаддуни ҷаҳони ислом он қадар бузург аст, ки саҳми тамаддуни юнониҳо дар барқарорӣ ва фарҳанги масеҳӣ ҳамон қадар мебошад».