АДИБОН

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ (18 майи соли 1048 – 4 декабри соли 1131) шоир, файласуф, риёзидон ва ситорашиноси барҷастаи форсу тоҷик мебошад. Ӯ дар шаҳри Нишопури Хуросон ба дунё омада, тамоми умри худро ба илму маърифат бахшидааст.Осори илмии Умари Хайём, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ 15 рисоларо дар бар мегирад. Аз хурдӣ зеҳни тез ва қобилияти фавқулода дошт. Дар мадрасаҳои Нишопур илмҳои динӣ, фалсафа, риёзиёт (математика), нуҷум (астрономия) ва тибро амиқ омӯхт. Хайём қариб дар ҳамаи ин илм¬ҳо бозёфт дорад. Омӯзиши фаъолияти илмии донишманд собит менамояд, ки ӯ аслан ба масъалаҳое таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки аз назари олимони пешин дур монда буданд. Шоҳкории назми Хайём, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ эҷод шуда, ӯро дар саросари ҷаҳон машҳур кардааст. «Наврӯзнома» – рисолаи насрии бадеӣ ва таърихӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ. Дар он таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз, оинҳои подшоҳони қадим, тақвим ва расму одатҳои мардумӣ баён шудаанд.

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ (18 майи соли 1048 – 4 декабри соли 1131) шоир, файласуф, риёзидон ва ситорашиноси барҷастаи форсу тоҷик мебошад. Ӯ дар шаҳри Нишопури Хуросон ба дунё омада, тамоми умри худро ба илму маърифат бахшидааст.Осори илмии Умари Хайём, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ 15 рисоларо дар бар мегирад. Аз хурдӣ зеҳни тез ва қобилияти фавқулода дошт. Дар мадрасаҳои Нишопур илмҳои динӣ, фалсафа, риёзиёт (математика), нуҷум (астрономия) ва тибро амиқ омӯхт. Хайём қариб дар ҳамаи ин илм¬ҳо бозёфт дорад. Омӯзиши фаъолияти илмии донишманд собит менамояд, ки ӯ аслан ба масъалаҳое таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки аз назари олимони пешин дур монда буданд. Шоҳкории назми Хайём, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ эҷод шуда, ӯро дар саросари ҷаҳон машҳур кардааст. «Наврӯзнома» – рисолаи насрии бадеӣ ва таърихӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ. Дар он таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз, оинҳои подшоҳони қадим, тақвим ва расму одатҳои мардумӣ баён шудаанд. Read Post »

Scroll to Top