Миллати тоҷик соҳиби ойину
суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги
қадима буда, дар тамаддуни
ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.
Эмомалӣ Раҳмон

Ёдгориҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик пайвандгарӣ ҳаёти ниёгони мо буда, дар маҷмуъ саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад. Онҳо арзишҳои муҳими ҳаёти зеҳнии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳифз, эҳё ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо ояндаи боэътимоди давлатро таъмин менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти ҳифз ва эҳёи таъриху фарҳанги миллиро ҳамаҷониба амалӣ намуда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи таърихию фарҳанги миллӣ чунин қайд намуданд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».
Маҳз дар давраи ҷаҳонишавии таъриху фарҳангҳо таъсиси ниҳоди соҳавӣ-Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои саривақтӣ ва пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Агентӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №198 таъсис дода шуда, Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, номгўйи ташкилотҳои низоми Агентӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, №471 тасдиқ гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки Агентӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ назорати бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истеҳсоли маводи тармиму барқарорсозӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, мероси хаттӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбудро таъмин карда, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои низоми Агентӣ ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди моликият роҳандозӣ менамояд.
Сарватҳои мероси ғайриманқул маҳаки асосии ҳаёти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик мебошад, ки хотироти миллатро ҳамешагӣ нигоҳ медорад. Пажуҳиш ва таҳқиқи мероси бостонӣ, рӯй овардан ба сарчашмаҳои таъриху фарҳанги миллӣ ва таваҷҷуҳ ба онҳо ҳадафи асосии ҳукамати кишвар баҳри пойдории миллат мебошад. Ҳануз аз давраи оғози истиқлоли кишвар Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосаро ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ равона карда буд, зеро дар акси ҳол аз байн рафтани аслияти фарҳанг, хусусиятҳои хоса, ягонагӣ ва худшиносии миллӣ таҳдид менамуд.
Маҳз бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкураз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба тасвиб расида, ин раванд идома дорад.
Ҳамчунин, дар заминаи ёдгориҳои нодири мероси ғайриманқули миллӣ таъсис додани мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, осорхона-мамнуъгоҳҳо, пойгоҳҳои бостоншиносӣ, тармиму барқарор ва эъмори онҳо мунтазам идома дорад. Мањз тавассути объектњои мазкур ва љойњои тамошобоби таърихию фарњангї ва табиї нигоњдошти урфу одат ва анъанањои миллї таъмин шуда, барои љалби сайёњї мусоидат менамоянд.
Аллакай ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии шоҳроҳи бузурги абрешим дар минтақа буда, ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии нотакрори халқи тоҷик дар ин ҷода мавқеи устувор доранд.
Бояд тазаккур дод, ки сарватҳои таърихию фарҳангӣ маҳаки асосии ҳаёти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик мебошад, ки хотироти миллатро ҳамешагӣ нигоҳ медорад. Пажуҳиш ва таҳқиқи мероси бостонӣ, рӯй овардан ба сарчашмаҳои таъриху фарҳанги миллӣ ва таваҷҷуҳ ба онҳо ҳадафи асосии ҳукамати кишвар баҳри пойдории миллат мебошад.
Раванди ҷаҳонишавии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори воридшавии худ ба ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии инсонӣ, хусусан дар самти ҳифзи мероси таъриху фарҳанги миллӣ проблеммаҳои мушаххасро ворид намуда истодааст. Ҳифз ва нигоҳдорӣ намудани мавқеи таъриху фарҳанги миллӣ, пажуҳиши анъана ва русуми ниёгон дар таносуб бо дигар фарҳангҳои ҷаҳони муосир талаботи мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Зимнан бояд қайд намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои сайёҳӣ,ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони Агентӣ ба ҳисоб меравад
Хоҷазода Ш.Р.
Директори Агентии ҳифзи мероси
таърихию фарҳангии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.т.