
Миқдори ёдгориҳо: Дар асоси Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018, №356 «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст, дар кишвар зиёда аз 3416 ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор мутаносибан 70,6%-бостонӣ, 23,4%-меъморӣ ва 6%-монументалӣ ташкил медиҳад.
ЮНЕСКО-Роҳи Абрешим: Дар вохурии 1 Комиссияи ҳамоҳангсозӣ оид ба пешниҳоди ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Рӯйхати пешакии силсилаҷоизаи роҳи абрешими ЮНЕСКО моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ёдгориҳои мероси ғайриманқул шомил гардиданд, ки инҳо:
- шаҳри Панҷакенти қадим ва шаҳраки Бунҷикат аз гузаргоҳи “Зарафшон”;
- шаҳри Ҳисор аз гузаргоҳи “Марказӣ”;
-дайри буддоии Аҷинатеппа, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва шаҳри Ҳулбук аз гузаргоҳи “Амударё”, - Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон аз гузаргоҳи “Вахон” мебошанд.
ЮНЕСКО-Тасвирҳои рӯисангӣ: Дар Ҳамоиши 2-юми минтақавии ЮНЕСКО оид ба тасвирҳои рӯисангии Осиёи Марказӣ, моҳи сентябри соли 2010 дар шаҳри Самарқанд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-маконҳои бостонии тасвирҳои рўисангӣ ба силсилаҷоизаи “Тасвирҳои рўисангии Осиёи Марказӣ” ворид гардиданд, ки инҳо мавзеъҳои бостонии Оќҳилга ва Шахтии ноҳияи Мурғоб, Лангари ноҳияи Ишкошим, Сойи Сабағи ноҳияи Масчоҳ мебошанд.
ЮНЕСКО гузаргоҳи Фарғона-Сирдарё ва Зарафшон-Қароқум: ҳамчунин силсилаёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз болоби водии Зарафшон ва Сирдарё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаргоҳҳои “Фарғона-Сирдарё” ва “Зарафшон-Қароқум” ворид шудаанд.
Миқдори ёдгориҳои тармимшуда: Дар давраи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 120 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва монументалии дараҷаи миллӣ ва байналмилалӣ тармиму барқарор ва эъмор шудааст.