ТИРГОН ТАҶАССУМГАРИ ПОКӢ ВА ДУСТӢ

Зери ин унвон дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директори Агентӣ Саиднуриддинзода Аҳлиддин оғоз гардида, ба ҷамъомади илмии мазкур меҳмононро хайрамақдам гуфт.Баъдан тибқи барнома ходими калони илмии шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ Мадаминжонова Зуҳро, муовини директори Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ Шодиҷони Рамазон, ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ Абдураҳмон Охониёзов ва мутахассиси Раёсати илмию истеҳсолӣ ва техникии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Фарангиси Фармон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.Дар музокира иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро нисбати таҷлили бошукуҳи Иди Тиргон ва аҳамияти таърихии он иброз доштанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top