ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР ҲАМЧУН МАНБАЪИ ТАЪРИХИЮ ҲУҚУҚӢ

Имрӯз дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башари Куруши Кабир баргузор гардид.

Чорабиниро Сафолзода Комрон Муҳаммад-муовини якуми директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи “Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир баёнгари ҳуқуқу озодиҳои инсон“ маърӯза намуд.

Баъдан маърузаи Ҷобирзода З.Э.-сардори раёсати илмию истеҳсолӣ ва техникии Агентӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат-эҳёгари Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир” ва Қараев А.-сардори раёсати назорат ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Агентӣ дар мавзӯи “Эъломияи Куруши Кабир-бозёфтҳои нодир ва сарчашмаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон” шунида шуд.

Дар музокира иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро атрофи ин ганҷинаи бебаҳои таърихи башарият иброз доштанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top