Санаи 21-уми июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон нишасти матбуотӣ ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли равон баргузор гардид.
Нишасти мазкурро директори Агентӣ ҳусни оғоз бахшида, зимнан таъкид дошт, ки “Нишасти матбуотии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳаангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 дар санаҳои таърихие баргузор мегардад, ки ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баландтарин минбари дастоварди муҳими миллӣ, яъне номинаи «Хуттали қадим» дар қатори дигар номинатсияҳои фаромиллии кишвар бо фарогирии 11 адад ёдгориҳои ин диёри бостонӣ ба Рӯйхати асосии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО номнавис гардид”.
Зимни нишасти матбуотӣ масоили азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва феҳристнигорӣ, тағйири санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ҳифзу тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва пешбурди корҳои бостоншиносӣ, ташкили коргоҳи хурди истеҳсоли маводи тармиму барқарорсозӣ, тарғиби ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи миллат, санаҳои бузурги таърихӣ, инчунин корҳои кадрӣ ва ташкилии Агентӣ мавриди бараси ва муколама қарор гирифт.
Дар охир аз ҷониби намояндагони ВАО вобаста ба бухту бохти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон суолҳо пешниҳод гардид,аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас пешниҳод шуд.
