МАЪЛУМОТ ОИДИ  КОРҲОИ  БОСТОНШИНОСӢ ДАР  “ҚАЛЪАИ  БИБИХОНУМ”–И ШАҲРИ  БОХТАР

Тибқи фармоиши Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ковишҳои бостоншиносӣ дар Қалъаи Бибихонум идома доранд. То имрӯз теъдоди зиёди нигораҳо, марбут ба давраҳои гуногуни таърихӣ аз ин мавзеъ дарёфт гардиданд.

     Ковишҳои бостоншиносӣ дар қисмати болоии қалъа оғоз гардида, чунин натиҷаҳоро ба бор овард:

    Аз қисмати болоии ҳафриёт, сикаҳои мутаалиқ ба асрҳои XV- XVII дарёфт гардиданд. Дар масофаи 27см  аз девори ғарбии ҳафриёт дар умқи 45см болори чубин, ки аз девори ҷанубӣ оғоз гирифта, ба қисмати девори шимолӣ  мепайвандад, кашф гардид.Пораҳои кӯзаи асрҳои X-XI аз қисмати шимолии ҳафриёт, хиштҳои асри миёнагӣ бо андозаҳои 25см х 25см х 4см ва ангуштарӣ аз қисмати шарқии ҳафриёт, ангуштпона ва сафолпораҳои андозаҳои гуногун аз  ҳама қисматҳои ҳудуди археологӣ бозёфт шуд.

Корҳои ҳафриётӣ дар ёдгории “қалъаи Бибихонум” идома дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top