Бузургдошти 700 – солагии Ҳофизи хушкалом  дар шаҳри Парижи Фаронса

ЮНЕСКО

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қатъномаи ЮНЕСКО рӯзҳои 11-14 июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба 700 – солагии ғазалсарои бузурги форсу тоҷик ва Рӯзи Шашмақом бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони воломақоми ЮНЕСКО баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур доир ба рӯзгору фаъолият ва мероси адабии Ҳофизи Шерозӣ, инчунин таърих ва мақому манзалати мусиқии сунатии тоҷик – “Шашамақом”, намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Фаронса, Афғонистон, Австралия, Озарбойҷон, Покистон, Қазоқистон, Ҳоланд ва Белгия, дар маҷмуъ бо 93 дархосту пешниҳод ва 54 маърузаҳои илмӣ ироа гардида, тавассути васоити ахбори омма гузоришҳо пешниҳод карда шуд.

Бостоншиносӣ

Рӯзи 13 июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса Хоҷазода  Шералӣ –Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистон бо Фредерик Брунет– Директори Намояндагии бостоншиносии Фаронса дар Осиёи Марказӣ – “Маркази миллии тадқиқоти илмӣ” (CNRS), ки аз соли 1984 дар пажуҳиши шаҳри бостонии Саразм фаъолият менамояд, дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО вохӯрии судманд анҷом дода шуд.

 Дар вохӯрӣ аз ҷониби директори Агентӣ пешниҳод гардид, ки дар радифи пешбурди корҳои бостоншиносӣ, ҳамчунин омода намудани мутахассисони касбии миллӣ дар заминаи Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм ва осорхонаи 5500-солагии Саразм» ба инобат гирифта шавад. Дар ҳамин раванд тарафҳо ба мувофиқаи он, ки дар давоми ду соли иҷрои Шартномаи ҳамкорӣ тайёр намудани 2 нафар мутахассисони миллӣ дар самти бостоншиносӣ ва мероси хаттии қадим ҳусни тафоҳум ба даст омад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top