Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

Ёдгориҳои мероси Таърихии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. зимни иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж қабул гардид.

Номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад: Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар,  Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа. Яке аз мавзеҳои асосии номинаи мазкур маҷмааи бостоншиносии “Қасри Хулбук” –пойтахти Хуттали Қадим, ки мероси он ба шарофати маҷмуаи чораҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардид, нақши махсус дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top