Туҳфаи “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо нашри нав ва сифати баланд рӯи чоп омадааст, амалӣ гардид.
Ин иқдоми маърифатпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 34 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он эҳёи ҳофизаи таърихии худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандустию ватанпарастӣ, ба хусус, дар миёни насли ҷавон мебошад. То имрӯз “Шоҳномаи”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ба забонҳои гуногуни ҷаҳон аз ҷумла русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва бо хатти ниёгон нашр шуда, барои шинохти таърихи пурғановати гузаштаи тоҷик хизматҳои шоистае ба ҷо овардааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат, тақсимоти “Шоҳнома” шурӯъ гардида, дар муддати кутоҳ ба ҳар як хонадони тоҷик дастрас хоҳад гардид.







