
Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 сентябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм ва Осорхонаи 5500-солагии Саразм” семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Истиқлолият – асоси пешрафт ва рушду нумуи давлатиро” баргузор менамояд.
Шаҳркадаи Саразм – яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷии Осиёи Миёна мебошад. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. Ба ақидаи Б. А. Литвинский Саразм маънои «Сари замин»-ро дорад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001, № 391, Саразм – ҳамчун Маркази ташаккули фарҳанги кишоварзии мардуми тоҷик, Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм ва осорхонаи 5500-солагии Саразм» эълон карда шуда 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.