Санаи 15-уми сентябри соли ҷорӣ Семинари минтақавӣ перомуни таҳкими иқтидори ҳифзи мероси зинда дар Осиёи Марказӣ бо иштироки давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон ба таври маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Семинари мазкур доир ба масъалаи эҳёи ҳунари қолинбофӣ ва гилембофӣ равона гардида, омилҳои азбайнравии ин ҳунари муштараки қадимаи мардумони Осиёи Марказӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.