Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон  

              11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон як қатор иншоотҳои таърихию фарҳангӣ ва илмию техникиро мавриди истифода қарор доданд. Дар ноҳияи Ховалинг аз ҷониби Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг” кушода шуд, ки зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз се давраи таърихӣ: асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад. Инчунин, дар ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон”-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top