ИДОМАИ ҲАФРИЁТИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР “ҚАЛЪАИ БИБИХОНУМ”

Аз ҷониби кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии “Қалъаи Бибихонум”-и шаҳри Бохтар ҳафриёти бостоншиносӣ оғоз гардид.

Ҳангоми ҳафриёт теъдоди зиёди сафолпораҳо, дастозҳо, кӯраи маъдангудозӣ, болорҳои иншоот, устухонҳои гуногуни ҳайвонот, миқдори зиёди донаҳои гандуму кунҷид ва намунаи хулаҳои оҳанин дарёфт гардид. Лозим ба ёдоварист, ки бозёфтҳои мазкур дар омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ ва хоҷагидории миллати тоҷик саҳифаи тозаи таърихро боз менамояд.

Корҳои ҳафриётӣ идома доранд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top