Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёдгории бостонии Қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар корҳои ҳафриётӣ оғоз намуд. Ҳангоми гузаронидани корҳои ҳафриётӣ аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёдгории бостонии Қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар миқдори зиёди бозёфтҳои давраҳои таърихӣ, ҳамчунин намунаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ кашф карда шуд. Таҳқиқу омӯзиши бозёфтҳои бостоншиносӣ, хусусан ғалладонагӣ барои пешрафти соҳаи хоҷагии мамлакат аҳамияти муҳими соҳавӣ дорад. Ин ёдгорӣ бо ҷалби донишҷӯёни бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни таҷрибаомӯзӣ кашф карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон барои омода намудани мутахассисони самти ҳифзи мероси миллӣ дастур дода шуд.
Аз ин рӯ, муассисаҳои дахлдоро зарур аст, ки дар ин самт таваҷҷуҳи хоса намуда, барои боз ҳам ба натиҷаҳои баланд ва назаррас расидан, бо ҷалби мутахассисони соҳибкасб баҳри рушди таъриху фарҳанги кишвар мутахассисони ботаҷрибаро омода намоянд.
