Муаллим. Чи сухани муқаддас бошараф ва эътимоднок. Вақте, мо вожаи «муаллим» – ро ба забон мегирем, як ҳиссиёти, ҳаяҷон ва гармие бадани моро фаро мегирад. Ин бесабаб нест. Аз қадим бузургони илму адаб ба омӯзгор эҳтироми хосса доштанд, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил, равшанзамир ва барнодилро пеши назар меоварад. Ана ҳамин дили муборак то имрӯз боқӣ мондааст.
Оре, бе устод кас наметавонад аз ҳалқаи мафкураи танг берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ барҳақ фармудааст:
Муаллим, чи тавре, ки аз номаш бармеояд, фардест, ки ба кас хату савод омӯхта, дари бахту саодатро ба рӯи шахс боз мекунад. Муаллим ин калимаест, ки сар то по аз меҳру муҳаббат, ишқ саршор аст.
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд, муллои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Яке аз олимони муътабари Эрон Муҳаммад Ризоӣ дар мавридаш гуфта: «Муаллимӣ касб нест, муаллимӣ ишқ аст».
Маънои ин вожа он аст, ки одамӣ пеш аз ҳама табиат, Ватан, модар, марзу буми меҳан, муқаддасоти миллӣ, оила, хешу ақрабо, забони модарӣ ва ғайраҳоро дӯст дорад. Ҳамаи гуфтаҳоро мо дар симои омӯзгор дида метавонем, ки ба шогирдон меомузад. Бе устод сар кардани ҳар кор маъное надорад. Барҳақ шоире фармудааст:
Ҳар ки бе устод кард оғози кор,
Кору бори у надорад эътибор.
Муаллим дар ҳамаи давру замонҳо машъалафрӯзи чароғи маърифат буду хоҳад монд. Ба гуфтаи сарвари давлат «зиёиён хазинаи тиллоии миллатанд».
Поя ва рукнҳои идоракунии давлат бе маориф пойдор ва устувор нест. Беҳуда нагуфтаанд:
Пояи давлат набошад, бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳи, рӯй бар мактаб биёр.
Бузургии шахсияти муаллим дар он зоҳир мегардад, ки нони худро ҳалол карда мехурад, вичдони пок, меҳнати шоиста, ахлоқу одоби ҳамида дорад, ба носозгориҳои давр созиш надорад, аз монеаҳои роҳи таълиму тарбия намеҳаросанд, дигаронро раҳбалади менамоянд. Чунончи шоир фармудааст:
Баланд аст аз фалак шони муаллим,
Ҳалоле нест чун нони муаллим.
Муаллим таронаи қудсист. Зеро, ки пайғамбаронро ҳам муаллим, роҳнамои ҷомеаи мусулмонон мегӯянд. «Аз гаҳвора то ба гур илм биҷӯй» гуфтани Ҳазрати Мухаммад ишора бар ҳамин аст, ки пажуҳиши илм бо ҷаҳду талоши омӯзгор сурат мегирад.
Бе пир марав, ки дар бимони,
Ҳарчанд Сикандари замони.
Аз ин андешаҳои ҷолиб бармеояд, ки омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон накши муассир дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургию шаҳомати муаллим баҳои холисона дода, аз ҷумла гуфтааст: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад».
Таҳти ин гуфтаҳои Президент чиро мо мефаҳмем ва ҳис мекунем? Пеш аз ҳама, онро дарк менамоем, ки муаллим ҳамқадами замон, ҷомеа мебошад, дили пок дорад, дустдори накуиҳост, дилбастаи шогирдон аст, руҳи замонро дар худ таҷассум мекунад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояш ба масъалаи маориф рӯй меорад. Дар забонаш номи пешбарандаи ҷамъият омӯзгор садо медиҳад. Масалан, гуфта: «Ман дар сиёсати давлатдории хеш маорифро дар мадди аввал мегузорам».
Ҳамаи ин далели он аст, ки муаллим бо шарафтарин, пешқадамтарин қисми ҷомеа аст, ки дигаронро аз пайи худ мебарад.
Классикони адабиёти форсу тоҷик ва муосир ҳам дар бузугдошти муаллим хизматҳои хоксорона, баландмартаба, заҳматҳои роҳатбахши у дар шеъру достонҳо ва қиссаҳояшон ибрози ақида кардаанд.
Устод Рудакӣ зиндагии рузгорро ҳатто ба муаллим, омӯзгор монанд кардааст, ки ҳар касе аз рӯзгор таҷрибаи ҳаёт намегирад, бе муаллим аст, чизе намедонад, созу суханҳо надорад, дар рӯзгор ба ҳама монеаҳо дучор мешавад, нисбаташ бахти сиёҳ аст:
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Маликушшуарро ба наслҳои ояндаи худ чун муаллим панд медиҳад, ки дар аҳди замон ба омӯхтан, хирадманди майл кунад ва сазовори номи инсон бошад:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Абдулқосим Фирдавсии бузург низ омӯзгорро беҳтарин шахс дар ҷомеа дониста, ҷавононро таъкид мекунад, ки аз вай илму адаб, хирад омӯзанд, зеро муаллим дорул-маориф аст. Гуфтаҳои ин пири хирадро дар вожаи «пир» метавон дид:
Зи гуфтори фарзонадил марди пир ,
Сухан бишнаву як ба як ёд гир.
Ё ки:
Касе, к-у бувад судаи рузгор,
Наомузад аз ҳеҷ омӯзгор.
Муаллими ахлоқ, Унсурмаъолии Кайковус (нависандаи асри X-XI) оид ба масъалаи омӯзгор дахл кардааст. Дар «Қобуснома» (Насиҳатнома)-и худ, ки аз 44 боб иборат аст, пеш аз ҳама, чун омӯзгор ба фарзандаш Гелоншоҳ, ки моро дар назар дорад, дарси ҳаёт меомӯзад. Мегуяд: «Бидон, эй писар, ки чун ман номи хешро дар доираи гузаштагон ёфтам, маслиҳат чунон дидам, ки … аз ҳар бобе сухане чанд ҷамъ кардан ва он чи шоиставу беҳтар буд, мухтасаран дар ин нома навиштаам … ва бидон, ки ин ҷаҳон чун киштзорест, он чи бикорӣ, бидаравӣ»…
Камолиддин Биноӣ панд медиҳад, ки ба қадру эҳтироми муаллим, устод бирас, зеро ранҷу заҳматҳое, ки устод мекашад, аз ранҷу заҳматҳои падар зиёд аст. Чунончи:
Ҳақи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Бузургии муаллим то бадон ҷоест, ки агар ӯ набошад, зиндагии мо тираву торик аст, ҳаёти мо маъное надорад. Дар ин боб Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ менигорад:
Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирадӣ рӯзгор.
Мавлоно Ҷомӣ дар ҷои дигар қайд мекунад, ки муаллим бояд мушфиқ, меҳрубон, вале дар айни ҳол сахтгиру серталаб бошад. Агар дарси омӯзгор натиҷаи хуб дошта бошад, пурмазмуну дилнишин гузарад, шогирдон ҳатто рӯзи истироҳат, ҷумъа ба таълимгоҳ меоянд, то ки дониш андузанд. Чунончи:
Дарси муаллим ар бувад, замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад, тифли гурезпойро.
Дар ҷои дигар, худ чун муаллими донишманд ба шогирдон панд медиҳад, ки қадри муаллим дарси ӯро бояд донист, вагарна:
Дор адаби дарси муаллим нигоҳ,
То нашави таблаки таълимгоҳ.
Шайх Саъдии Шерозӣ ҳам ба мавзӯи муаллим рӯ оварда, таълим медиҳад, ки муаллим бообрӯтарин шахсияти бузург аст, ҷабру ҷафояш аз меҳри падар бештар бувад:
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Ва ба он лавҳи ӯ навишт ба зар
«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар».
Маорифпарвари бузург, алома Аҳмади Донишро масъалаи муаллим бетараф нагузоштааст. Шоир ва нависанда дар пояи қадру қиммат устодро аз падар боло шуморидааст. Аз ҷумла мегӯяд: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод- бузургтар»
Дар эҷодиёти Ибни Ямини Фарюмадӣ ҳамчунон оиди заҳмату ранҷҳои муаллим, меҳнати шабонарӯзӣ ва ҳаракатҳои наҷибонаи ӯ шеърҳо дида мешаванд. Масалан, менависанд, ки то тифл ба камол мерасад, яъне донишманд мешавад, устодаш чи қадар азобҳоро аз сар мегузаронад, хуни ҷигар мегардад, дар ин сурат шогирд бояд ба қадри устод расад, вагарна ӯ лаънатзада аст:
То ин ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад.
Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.
Лаънат ба он касе, ки пас аз хатми мактабаш
Аз меҳнати муаллими худ бехабар шавад.
Зоҳири Форёбӣ низ дар қатори дигар адибони классикӣ ба муаллим эҳтиром дошта, чунки муаллим дарвозаи илму маърифатро ба рӯи шогирдон боз мекунад, дили онҳоро хазинаи дониш мегардонад, ки пур аз марворидҳои панду насиҳат аст. Ҳатто дасти баста ҳам (илм қулфкушои ҳама дарҳост) во мегардад:
Ин дасти бастаро ту кушодӣ, ки оқибат
Он кас, ки буд, тарбиятат устувор кард.
Дар охир ҳаминро гуфтанием, ки вазифаи омӯзгор имрӯз бо донишҳои ҳозиразамон мусаллаҳ будан, комёбҳои илму техникаро донистан, бо интернет пайваст шуда, тафаккури асри навинро доштан аст. Рисолаи омӯзгор ҳам дар ҳамин аст.
Халилуллоҳи Халилӣ дар ҳурмату бузургдошти фидоии роҳи илм-муаллим менависад:
Ҳаст таъзими муаллим ояти иззу шараф,
З-он ки бошад пояи вай дар пайи пайғом.