Вобаста ба мавзуи мазкур ва иҷроиши «Стратегияи муқовимат бо терроризму экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабиниро директори Агентӣ Хоҷазода Шералӣ ҳусни оғоз бахшида, доир ба ин падидаи номатлуб – терроризм ва экстремизм суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки яке аз воситаҳои асосии пешгири аз амалҳои террористиву экстремисти ин донистани забони давлатӣ ва ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Баъдан сухан дар мавзуи «Ихвон-ан-муслимин: омилҳои фарқкунандаи он аз дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» ба муовини директори Агентӣ Саиднуриддинзода Аҳлиддин дода шуд. Мавсуф таъкид сохт, ки аслан аъзоёни ин созмони терористӣ аз ҳисоби олимону сиёсатмадорон, кормандони соҳаи илму маориф ва тандурустӣ мебошанд.
Дар идомаи мизи мудаввар корманди Бахши иттилоотӣ ва рақамикунонии Агентӣ Раҳмонов Қурбоналӣ дар мавзуи «Тероризм ва экстремизм: таъсири манфии он ба насли ҷавону наврас» маърӯза намуд. Дар фароварди мизи мудаввар кормандони Агенти фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба мавзуи матраҳшуда баён доштанд.


