Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 10.10.2025, дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихии Бибихонум» зери унвони «Қалъаи Бибихонум ҳамчун мавзеъи таърихию фарҳангӣ» семинари илмӣ баргузор мегардад.
Дар кори семинари мазкур кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ доир ба ҳафриёти бостоншиносии «Қалъаи Бибихонум» маърӯзаи илмӣ менамоянд. Инчунин дар чорабинии мазкур омӯзгорону донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки дар ҷараёни ҳафриёти бостоншиносӣ ширкат доштанд, иштирок ва суханронӣ менамоянд.
