Дар толори маҷлисгоҳи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саннаи 31-уми октябри соли 2025 мизи мудаввар доир ба натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ дар қалъаи Ямчун баргузор гардид. Дар мизи мудаввар К.Сафолзода -муовини якуми директори Агентӣ, Ҷобирзода З- сардори раёсати илмию истеҳсолӣ ва техникӣ, Сафоев Ф. аз натиҷаи корҳои омӯзишию ҳариётӣ дар ёдгории қалъаи Ямчун суханронӣ намуда, ҷиҳати таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳифз, омӯзиш ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таъкид намуданд.





