МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗЕРИ УНВОНИ «КОНСТИТУТСИЯ -КАФИЛИ ПЕШРАФТ ВА СУБОТИ ДАВЛАТ» БАРГУЗОР ГАРДИД.

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Агентии ҳифзи мероси  таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Сараввал суруди миллӣ садо дод, баъдан  ҷаласаи мазкурро Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ш. ҳусни оғоз бахшида аҳли нишастро бо  рӯзи Конститутсия  табрик намуда инчунин  дастуру супоришҳои мушаххасас дод. Донистани Конститутсия ба мо имконият медиҳад, ки пеш аз ҳама аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошему ба лағву хатогиҳо роҳ надиҳем.

Баъдан сардори раёсати  назорат ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ  Қараев А. дар мавзуи “Конститутсия-кафили давлатдории миллӣ ва ваҳдати миллӣ”, сармутахассиси раёсати илмию истеҳсолӣ ва техникӣ Сафоев Ф. дар мавзуи “Муаррифии китоби қадимии Мадаян Ҳезар Дадсетан” ё китоби Ҳазор моддаи додситонӣ (VI-VII м), мутахассиси пешбари шуъбаи робитаҳои хориҷӣ Шарифзода Н. дар мавзӯи «Конститутсия- асоси устувории давлат ва ҷомеа» ва дар охир сардори бахши иттилоотӣ ва рақамикунонӣ Ҳасанов Н. суханронӣ намуданд. Ногуфта намонад, ки баъзе иловаҳо аз тарафи муовини директори Агентӣ Саиднуриддинзода А. низ қайд карда шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top