Ҳангоми бақайдгирии ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мероси ғайриманқул аз ҷониби кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Хуттали Қадим теъдоди зиёди мероси нумизматикии мансуб ба давраи Ҳахоманишиҳо, Сосониён ва дигар давраҳои таърихӣ дарёфт гардидааст.
Дар ҳудуди Хуттали Қадим сиккаҳо, ҷузъиёти ороишии занона, ки ба давраи Ҳахоманишиҳо рост меояд, дарёфт гардид. Дар айни замон аз ҷониби мутахассисони агентӣ барои омӯзиш, таҳқиқ ва ба тартиби муайян ворид намудани онҳо фаъолият пеш бурда мешавад.
Муҳимияти бозёфт аз он иборат аст, ки дар ҳайати он теъдоди сиккаҳо, яъне мероси пули миллати куҳанбунёди тоҷик дар шакли зиёд, яъне зиёда аз 1000 сикка дарёфт шудааст, ки онҳо баъд аз таҳлилу омӯзиш феҳрист карда мешаванд.
Қадимтарин сиккаҳои ёфтшуда ба давраи Сосониён мансуб буда, муаррифи таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошанд.
Яке аз бозёфтҳои нодир расми шоҳ дар тахтачаи биринҷӣ мебошад, ки дар он ҳаккокӣ шудааст. Ин бозёфт ба давраи Ҳахоманишиниҳо тааллуқ дошта, баъди таҳқиқ расми кадом шоҳ будани он муайян карда мешавад.







