Дар таърихи инсоният, Ҳар як миллат роҳбари худро дорад, ки дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ барои наҷоти Ватан қадамҳои сарнавиштсоз мегузорад. Барои миллати тоҷик чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пас аз пошхурии Иттиҳоди шуравӣ Ҷумҳўрии Тоҷикистон Истиқлоли комил ба даст овард. Мутаасифона, ин шодии мардумӣ дер давом накарда, Тоҷикистонро гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт.
Дар чунин вазъияти ҳасоси таърихӣ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату фидокорӣ, дониш ва иродаи қавӣ тавонист халқи тоҷикро ба роҳи сулҳ ва ваҳдат раҳнамоӣ кунад.
Соли 1992, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи устувор гуфт: «То охирин фирорӣ ба Ватан барнагардад, ман ором нахоҳам гирифт».
Ин сухани таърихӣ аз муҳаббати бепоён ба Ватан ва садоқати ӯ ба халқи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Бо ин ваъда ва бо заҳмати пайвастаи худ ӯ тавонист сулҳро барқарор намояд, гурезагонро ба Ватан баргардонад ва пояҳои давлатдории миллиро устувор созад.
Бо сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:
- Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид;
- Иқтисодиёт рӯ ба тараққӣ ниҳод;
- Низоми маориф, тандурустӣ ва фарҳанг рушд кард;
- Лоиҳаҳои азими стратегӣ, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, амалӣ гардиданд;
- Шаҳру деҳоти кишвар рӯ ба ободӣ ниҳоданд.
- Тоҷикистон дуввуми кишвари амнтарини рӯйи дунё эътироф гардид ва садҳо мисолҳои дигар овардан мумкин аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалдӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунад, ки сулҳ ва ваҳдат бузургтарин дастоварди миллат аст. Ӯ сиёсати худро ба ободии Ватан, рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона намудааст.
Рӯзи Президент на танҳо рӯзи як шахс, балки рӯзи эҳтиром ба сулҳ, ваҳдат ва давлатдории миллӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу заковат ва муҳаббати беандоза ба халқу Ватан тавонист Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар муаррифӣ намояд.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент 16 ноябр таҷлил мегардад. Ин сана рамзи эҳтиром ба заҳматҳо ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳ, ваҳдат ва ободии кишвар мебошад.


