Зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд

Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Сайёҳони хориҷӣ бештар ба тамошои  мавзеъҳои таърихию фарҳангии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор», «Қалъаи Хуҷанд»,  «Қалъаи Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, шаҳраки «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён ва дигар маконҳои ҷолиб мароқ зоҳир  менамоянд.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳар сол сайёҳони зиёди хориҷӣ бо мақсади шинос шудан бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрори ҷумҳурӣ ба мамлакат ташриф меоранд ва аз мероси бою рангини он баҳравар гашта, бо гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд.

Дар айни замон дар   Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки як қисми онҳо аз ҷониби олимони дохилию хориҷӣ  мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Вобаста ба ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат то имрӯз 19 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, ин раванд идома дорад.

Ёдгориҳои таърихии кишвари мо  ҳазорон сол аст, ки арзи ҳастӣ дошта,  аз  қарнҳои 4-3 пеш аз мелод  то ба асри мо расидаанд.  Ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ арзишҳои муҳими ҳаёти зеҳнии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳифз, эҳё ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо ояндаи боэътимоди давлатро таъмин менамояд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top