МУАРРИФИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ.

Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг. Осорхона 11 сентябри соли 2025 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор гирифт. Дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ ва Хонақоҳ 1-2-и Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст. Нигора ва ёдгориҳои бозёфтшуда, ки дар ин осорхона ба намоиш гузошта шудаанд, гувоҳи онанд, ки тоҷикон миллати кӯҳанбунёд буда, таърихи пурғановат доранд.

Ёдгориҳои бозёфтшудаи мавзеи таърихии Кӯлдара аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз 1 миллион сол пеш дар ин ҷо одамони қадима «Ҳомо эректус»-ҳо умр ба сар мебурданд.

Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ба омӯзиши давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла асри санг, асрҳои миёнаи барвақт, давраи антиқа, миёнаи охир, қарнҳои 18-19 ва баъди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон барои худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни ғановатманди миллати тоҷик нақши назаррас мегузорад.

Тибқи иттилои таърихшиносон, кашшофи ёдгориҳои мазкур бостоншиноси шинохтаи Тоҷикистон Вадин Ранов буда, дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносии ӯ бештар аз 1000 ёдгории ҷангию шикорӣ ва рӯзгордории аввалин одамон пайдо гардид, ки аз санги сангобии навъи Галка сохта шудаанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top