Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ ҷамъомад баргузор гардид

Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони агентӣ иштирок намуданд.

Зимни он иброз гардид, ки тоҷикон яке аз халқҳои соҳиби суннату анъанаҳои бостонии парчамдорӣ ба шумор мераванд. Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парафшони парчамҳои Балхи бостонӣ, парчамбардории Кова, эҳтироми парчам аз ҷониби шоҳ Фаридун ва дигар сулолаҳои баъдинаи тоҷикон, ки нишонаи шаъну шарафи гузаштагони некномамон мебошанд, ёдовар шуд.

Таъкид шуд, ки гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи давлати неруманд ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон ливои Коваи бузургро ба хотир овард, ки нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, мебошад.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки тибқи гувоҳии осори таърихӣ, достонҳои куҳан ва ривоятҳои асотирӣ, гузаштагони мо ҳанӯз 4000 сол пеш соҳиби парчам будаанд, ки дар адабиёти қадимаи мо бо номи дирафш ёд мешавад. Дирафши Ковиёнӣ нахустин парчамест, ки дар ривоёти асотирӣ, порчаҳои манзуми паҳлавӣ ва достонҳои адабиёти классикӣ, хусусан асари безаволи Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» аз он борҳо ёд шудааст.

Изҳор шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар замони мо рамзи истиқлоли давлатӣ ва таҷассуми гузаштаи пурифтихору ояндаи дурахшони миллат мебошад ва он дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 қабул гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top