Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳангӣ тоисломии тоҷикон маҳсуб мешавад.
Шаҳраки Тахти Сангин дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳали ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад.
Шаҳраки Тахти Сангин ба асрҳои IV то мелод ва III мелодӣ мансуб буда, таҷассуми маданияти элинӣ ба шумор меравад. Ин шаҳри замони антиқа бо сабки юнонӣ сохта шудааст. Тахти Сангин мавзеи таърихие аст, ки димна ва ё шаҳрак унвон гирифтааст.
Шумораи бозёфтҳои ин мавзеъ беш аз 12 ҳазор ашёро ташкил медиҳад, ки ҷузъи он дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Ин ашёҳо асосан аз тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил мебошанд ва анвои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ, ба мисли найза, пайкон, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра низ мавҷуд аст, ки дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаанд.




