Қалъаи Ямчун

Қалъаи Ямчун яке аз ёдгориҳои меъмори бостонии миллати Тоҷик буда, аз қадимтарин қалъа дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Қалъаи Ямчун дар асриҳои III-и пеш аз мелод то асри VIII мелодӣ барҷо мондааст.

Қалъаи Ямчун ҳамчун калонтарин ёдгории меъмори бостонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 7 ёдгории дигари маъруфи кишвар дар Юнеско ба сифати «Ёдгориҳои Роҳи Абрешим» сабт шудааст.

Қалъа дар баландии 3164 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин қалъа дар қисмати шарқию шимолии ноҳияи Ишкошим, дар масофаи 178 километр аз маркази маъмурии вилояти Бадахшон- шаҳри Хоруғ қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти бостоншиносон, қалъаи мазкур секунҷашакл буда, аз се қисм иборат аст. Майдони якум диж буда, аз се қисм иборат аст. Ду майдони дигар барои амалиёти муҳофизатӣ махсус гардонда шудааст. Атрофи деворро 36 бурҷ иҳота кардааст. Дарозии девори қалъа 950 метр ва бараш то 400 метр буд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top