Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ

Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ яке аз ёдгориҳои муҳими таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир аст. Мақбара бо санъати баланди меъморӣ ва тарҳрезии ҳирфаӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар тармиму бозсозӣ гардидааст. Дар бораи шахсияти Султон Увайси Қаранӣ дар маъхазҳои адабию таърихӣ чун “чеҳраи намоёну маъруфи исломӣ” омадааст. Ин чеҳраи барҷастаи таърихи дар кишвар заминаи хубе барои ҷалби таваҷҷӯҳи зоирон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ, махсусан дӯстдорони таъриху фарҳанг ва маънавӣ буда, барои муҳити сайёҳии кишвар нақши муҳим дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top