МУАРРИФИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ

Шаҳри Бостонии Ҳисор бо ҷузъиёти меъмории худ -қалъаи Ҳисор ёдгории қадимаи Осиёи Марказӣ буда, таъриихи зиёда аз 3000 сола дорад. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди қалъаи Ҳисор растаи ҳунарманди бо дӯконҳои армуғонфурӯшӣ, ҳунарҳои мардумӣ бо  нуқтаҳои таърихию фарҳангӣ ва  фароғатӣ ташкил карда шудааст, фаъолият менамоянд.

Дар водии Ҳисор бостоншиносон маданияти моддии қадимтарин одамонро ” маданияти Ҳисор” дарёфт намудаанд. Маданияти қарни неолитро дар минтақа олимон маданияти Ҳисор (ҳазораҳои VI-III-и пеш аз мелод) эътироф намудаанд. Маснуотҳои шикорию рӯзгордории водии Ҳисор аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин сарзамин дар ин давра сераҳолӣ будааст.

        Ёдгориҳои таърихию меъморие, ки дар Мамнуъгоҳ то ба имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, бунёдашон аз умқи таърих то давраи муосир мутаассил ҷараён ёфтааст. Атрофи майдони Регистонро дижи қадим, силсилаи иншоотҳои маданӣ-маърифатӣ, ҷомеавӣ-савдоӣ ба монанди: мадрасаҳои Кӯҳна ва Нав, корвонсарои Хиштин, дарвозаи Арк, девори мудофиавии Ҳисор ва Таҳоратхона иҳота кардааст. Дуртар аз майдони Регистон, дар қисми ҷанубӣ мақбараи Маҳдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масҷиди Сангин, масҷид ва мадрасаи Чашмаи Моҳиён воқеъ гаштааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top