Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ»

Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ», ки дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ҷойгир аст, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра навсозӣ шуда, 25 июни соли 2018 ифтитоҳ гардид. «Қалъаи Муғ» ба асри панҷуми то милод пайванд дорад. Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 6 гектарро дар бар гирифтааст. Аз бойгонии қалъа беш аз 80 ҳуҷҷат бо забонҳои суғдӣ ва арабиву чинӣ пайдо гардидаанд, ки ҳанӯз ҳам мавриди омӯзиши бостоншиносони ватаниву хориҷӣ қарор доранд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top