Саиднуриддинзода А.С. – муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳўрии Тоҷикистон, дотсент
Муайяннамоии сабаб, шароити пайдоиш, паҳншавӣ, миқёс ва хислат дар баҳогузории терроризм нақши муҳимро мебозад. Таҳқиқ ва тақсимбандии сабабҳои терроризм ҳамчун падидаи иҷтимоӣ шартҳои зарурии пешгирӣ ва паҳншавии терроризм ба ҳисоб меравад.
Сабабҳои пайдоиши терроризм гуногун ва хеле зиёданд. Дар шароити кунунӣ сабабҳои пайдоиши терроризм дар ҷомеа мухталиф буда, ин раванд водор менамояд, ки мо хатарҳои терористиро системавӣ дар маҷмуъ фарох омўхта, тероризмро пешгирӣ намем.
Тазодҳои иҷтимоӣ, идеологӣ, байналмилалӣ, байнидинӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ моҷароҳои гуногунро ба миён меорад. Моҷароҳо давраҳои тезутунди инкишофро аз сар гузаронида, омилҳо ва заминаҳои рушди терроризмро ба вуҷуд меорад.
Терроризм заминаҳои иҷтимоӣ ва таърихии пайдоиш дорад ва дар раванди таҳқиқу омўзиш ин омилҳо ояд ба назар гирифта шаванд. Тоҷикистон баъди барҳамхурии собиќ ИҶШС ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба як қатор тазодҳои мудҳиши иқтимоӣ –сиёсӣ рў ба рў гашт. Охири солҳои 80-ум сатҳи зидиятҳои этносиёсӣ ва сиёсии ҷомеаи шўравӣ зиёд шуда, ин раванд ба парокандашави давлати бузурги Шуравӣ сабаб шуд. Паҳншавии зуҳуроти ифротӣ ва терористӣ дар заминаи иҷтимоӣ, этникӣ, мазҳабӣ ва минтақавӣ дар ҷумҳуриҳои алоҳидаи собиќ ИҶШС хеле авҷ гирифтанд. Тоҷикистон дар шароити нави мавҷудияти истиқлолияти давлатӣ ва тағиротҳои демократии бо тазодҳою моҷароҳои нави хосияти ифротӣ –терористи дошта рў ба рў шуд, ки дар натиҷа вазъияти сиёсию диннии ҷомеа хеле мураккаб гашта, ҷанги шаҳрвандӣ авҷ гирифт, ки вазъияти иқтисодӣ, моддӣ-материалӣ ва сиёсии ҷомеаро афгор намуд. Бо сабабҳои дохилии пайдоиши терроризм маҷмуи душвориҳо аз қабили сатҳи пасти дониши диннӣ ва дунявӣ, таълими ҷавонон дар мадрасаҳои номаълуми кишварҳои исломӣ, тарғиботи ифротӣ тавассути интернет байни ҷавонон дохил мегардад.
Бояд қайд кард, ки парокандагии ҷомеа, ҳиси нобоварӣ, хусумати динию этникӣ, сиёсиву иҷтимоӣ дар марҳилаи авали соҳибистиқлолии Тоҷикистон хусусияти хоси инкишофро ташкил медоданд. Рушд ёфтани зуҳуротҳои номатлуб аз қабили гурўҳбозӣ, маҳалгароӣ, муносибати хешу таборчигӣ, ифротгароӣ ва ғайраҳо боиси нигаронӣ мебошанд.
Набудани ғояи умумимиллӣ, вайрон шудани сохтори иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеа, ҳисси шахсиятпарастӣ, ҷаҳолатпарастӣ, эҳсоси бартарияти иҷтимоӣ, парстиши қувва, фоидаи осон, беҳурматӣ ба қонун ва дигар амалҳои ғайриинсониро зиёд карда буданд. Аз ибтидои солҳои 2000- ум оғоз карда дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди иҷтимоӣ-иҳтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ шурўъ гашт, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Мутаасифона инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ кафолати пайдо нашудани гурўҳҳои ифротӣ-терористиро дода наметавонанд, чунки чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар одамон ба гурўҳҳое вуҷуд доранд, ки рушду тараққиёт ва пешравии моро дар тамоми самтҳо таҳаммул ва дидан наметавонанд. Воқеияти дигари инкишофи ҷомеаи муосир далели он аст, ки ифротгароию терроризм новобаста аз сатҳи тарақиёти ҷомеа ва давлат вуҷуд доранд ва вазъияти имрўзаи сиёсӣ-иҷтимоии Аврупои Ғарбӣ, ИМА ва Руссия далели ин гуфтаҳост.
Тероризмро як қатор гурўҳҳои радакалию қувваҳои ифротӣ дар асоси бедор кардани ранҷишу озурдахотирии бардуруғ ва бурдани сиёсати беадолатонаю нодуруст нисбати қавмҳою миллатҳои алоҳида инкишоф дода онҳоро ба якдигар ҷанг меандозанд. Ин равандҳо ибтидои солҳои 90-ум хатари парокандашавии Тоҷикистонро ба миён оварда дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ вазъияти диннию сиёсиро хеле моҷаропазир намуд. Этномиллатгароӣ ва этноҷўдоихоҳӣ дар шароити бад шудани вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ афзоиш ёфта заминаҳои рушди ифротгароию тероризмро боз ҳам зиёдтар менамоянд.
Радикализми диннӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон хеле авҷ гирифтааст, ки асоси бунёдии онро бунёдгароии исломӣ ва дигар ҷараёнҳои ифротӣ ташкил медиҳанд. Фундаментализми исломӣ бо идеология вайронкунанда, кушиш ба харҷ дода истодааст, ки мақом ва ҷойгоҳи (исломи анъанавӣ) ва фиқҳи ҳанафиро танг карда дар ҷойи он исломи радикалию ифротии ваҳобиро паҳн намоянд. Идеологияи ҷараёни ифротии ваҳобия ва салафия дорои шиорҳои ифротию вайронкунанда буда, ба воситаи онҳо ба қатори ҷараёнҳои эктремистию терористӣ ҷавонон ҷалб карда мешаванд.
Баландравии сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомаеи тоҷик нимаи дуюми солҳои 90-ум ва ибтидоӣ солҳои 2000-ум омили дигари пайдоиши экстермизм ва терроризм мебошад. Чи тавре мо шоҳид ҳастем қонунвайронкунӣ, нигилизми ҳуқуқӣ инкишоф ёфта, як қатор шаҳрвандони кишвар ба муносибатҳои ҷиноятӣ ҳамроҳ шуда, иншоотҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз қабили заводу фабрикаҳо, инчунин иншоотҳои фарҳагию фароғатиро зери назорат гирифта ба манфияти гуруҳии худ истифода намудаанд. Пайдоиш ва инкишофи ҷинояткории муташаккилона ба паҳлуҳои гуногуни ҳайёти ҷомеаи тоҷик таъсири манфи расонида, дар як қатор ҳолат гурўҳҳои муташакили ҷиноятпеша нақши ташкилкунандаи фаъолияти терористиро иҷро намуданд.
Як қатор кишварҳои Шарқи Наздик бо фаъолияти тарғиботии худ оиди пахн кардани равияхои ифротӣ бехатарии Тоҷикистонро зери хатар гузошта, мақсадҳои стратегии худро амали намуда, ба воситаи дастгирии гурўҳҳои экстремистию террористӣ вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва диниро ноором менамоянд ва кўшиш ба харҷ медиҳад, ки радикализми динӣ, миллатгароии канора ва сепаратизмро инкишоф диҳанд. Фаъолияти таҳрибкоронаи гурўҳҳои экстремистию террористӣ ба воситаи иштироки мустақиму ғайримустақими идораҳои ҷосусии кишварҳои хориҷӣ ё дигар идораҳои давлатию ғайридавлатӣ алоқаманд бо хадамоти ҷосусӣ амалӣ карда мешавад. Масалан вақтҳои охир муайян шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ки бо қарори Суд экстремистӣ эълон шуда, фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ шудааст кушоду равшан дастгирӣ намуда, ба роҳбарони онҳо ёрии моддию маънавӣ мерасонад. Пайравони Ҳизби ифротию террористӣ сентябри соли 2015 кўшиш намуданд, ки дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ намуда, ҳокимиятро ғасб намуда, кишвари осудаи моро ба гирдоби боз як ҷанги дигар кашанд. Эрон дар ин кор саҳми бевосита дошта, тамоми амалҳои ин гурўҳи ифротию террористии наҳзати исломиро маблағгузорӣ менамудааст. Гурўҳҳои экстремистӣ ба воситаи амалҳои гуногуни экстремистӣ обурўи кишварро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонанд. Исбот шудааст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилӣ буда, давлатҳои алоҳида гурўҳҳои гуногуни ифротӣ-террористиро дасгирӣ менамуданд. Кишварҳои алоҳида ба монанди Эрон, Покистон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ дар воқеъаҳои сиёсию иҷтимоии авали солҳои 90-уми Тоҷикистон ба таври мустақиму ғайримустақим иштирок доштанд.
Вақтҳои охир кишварҳои алоҳидаи аз нигоҳи иқтисодӣ пурқувват кушоду равшан экстремизму терроризмро тарғиб менамоянд. Махсусан, гурўҳҳои экстремистии этномиллӣ, динӣ-сиёсӣ мусаллаҳ бо идеологияи исломию ифротӣ ва гурўҳҳои байналмилалии террористӣ дар паҳн кардани идеологияи экстремистию террористӣ хеле фаъол мебошанд. Маълум аст, ки ҳаракатҳои экстремистию террористӣ фаъолияти зараровари худро берун аз ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда имкониятҳои легалию ғайрилегалии таъсиррасониро истифода менамоянд. Фаъолияти гурўҳҳои эктремистию террористӣ ба тақсиму пароканданамоии ҷомеаи тоҷик равона шуда, мақсади ниҳоияшон ба ҳокимият расонидани ҳизби динӣ-сиёсӣ мебошад. Амалҳои ҳизби ифротию-террористии наҳзати исломӣ нисбати Тоҷикистон далели гуфтаҳои болост. Фаъолияти муташаккили террористӣ дар системаи воситаҳо, шаклҳо ва методҳои истифодашавандаи гурўҳҳои экстремистӣ нақши муайянро мебозад. Масалан, гурўҳҳои экстримистию террористӣ ба воситаи ёрии башардўстона ба соҳаи иқтисодиёт, фарҳанг, маориф, тандурустӣ давлатро муттаҳам намуда, дар асл гурўҳҳои муайяни экстремистию террористиро пуштибонӣ менамоянд ва ба воситаи ин ҳавасмандгардониҳо аҳолии осоиштаро ба фаъолияти эктремистию террористӣ ҷалб менамояд. Ҳамчунин фаъолияти тарғиботӣ-иттилоотии сохторҳои экстремистию террористии байналмилалӣ ба ноором кардани вазъияти сиёсии кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон равона шудааст.
Тарғиби зўроварӣ, миллатгароӣ, радикализми динӣ тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳншавии эктремизму терроризм шароити мусоид фароҳам оварда, ба ташаккули ҳисси ваҳшонияту зўроварӣ ба қисми аҳолӣ таъсири мустақим ва ғайримустақим мерасонад. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Имрўзҳо шабакаи интернет, мутаасифона аз ҷониби гурўҳҳои террористию ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ ба сафи худ ҷалб намудани аъзоёни нав омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».



