Саиднуриддинзода Аҳлиддин-муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳагии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ватан қиматтарин тӯҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон муҳайёст. Насли ҷавони имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, сарвари мамлакати худ, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст, бирасанд. Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи худ вафодор бошанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст.
Вазифаи муқаддас ва рисолати мо, насли собиқадори кишвар дар назди давлат, Ватан ва ҷомеа ин аст, ки бо нерӯи ақлу заковат ва тадбирҳои самарабахш дар дили насли ҷавони имрӯза ҳамин эҳсоси гарми ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки воқеии шарафу нангу номусро, ки дар симои Роҳбари давлатамон пайваста мушоҳида менамоем, бедор намоем. Зеро, ҷавонони мо дар чунин як замоне умр ба сар мебаранд, ки ҳар рӯз, ҳар лаҳза олами сиёсат, илму техника, тамаддун, фарҳангҳо дар тағйироту таҳаввулот аст. Ҳар лаҳза метавонанд тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва дигар манбаъҳо гурӯҳҳои ғайр ва ифротгаро афкору андешаҳои ҷавононро тағйир дода, ба хотири манфиатҳо ва ғаразҳои хеш онҳоро гумроҳ ва ба доми худ кашанд. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ҳамон ҳисси баланди Ватандўстӣ, шинохти миллӣ, ифтихор аз Ватану гузаштаи хеш лозим аст, то тавонад, монеи чунин бадбахтиҳо гардад.
Таърих борҳо собит намудааст, кишваре, ки ба таълиму тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон эътибори хосса зоҳир менамояд, пояҳои он давлат қавию устувор гашта, умри ҷовидонӣ мебинад. Ин аст, ки Сарвари мамлакат дар сиёсати худ ҷавононро нерӯи қавии пешбарандаи ҷамъият ҳисобида, ояндаи миллату мамлакатро аз онҳо вобаста медонад ва пайваста таъкид менамояд, ки ҷавононро бояд дар рӯҳияе тарбия намоем, ки чун фарзандони диловари Ватан, қаҳрамонони халқ – Спитамен, Темурмалик, Деваштич, Муқаннаъ, Восеи диловар ва садҳо тани дигар хешро сипари Ватани азизи хеш созанд. Барои ин пеш аз ҳама, бояд ҷавонони мо бо таҳсил ва ё шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин, онҳоро ҳамеша ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудан, дар дили онҳо муҳаббат ба меҳнат ва кӯшиш барои ободии як гӯшаи диёрро бедор намудан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Дар байни ҷавонони имрӯза ҳастанд нафароне, ки бо донишу фарҳанг ва қувваю бозуи рустамонаи хеш ному шарафи миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Ё худ дар соҳаҳои гуногуни илм, фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёт кору фаъолият намуда, ба Ватану миллати хеш хизмат намуда истодаанд. Аммо ҷавононеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки ватану миллат ва сарзамини аҷдодӣ, шарафу нангу номуси ватандорӣ барояшон арзише надорад. Бинобар ин аз муқаддастарин қарзи фарзандӣ – дифоъ аз шарафу номуси Ватан, яъне хизмати Модар-Ватан саркашӣ мекунанд. Барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Он як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Давлате, ки ба таълиму тарбияи ҳарбӣ‐ватандӯстии ҷавонон таваҷҷуҳи лозима зоҳир менамояд, устувору пойдор ва пешрафта аст.
Дар натиҷаи тарбияи ватандӯстӣ Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди ватана-мон мебошад, нерӯманд мегардад. Маҳз тарбияи ҳарбӣ‐ватандӯстӣ шароитеро фароҳам меорад, ки ҳар як ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро барояш мактаби мардонагӣ ва ифтихор мешуморад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки торафт имкониятҳои дифоии кишварамон бештар мегардад, Артиши миллии давлатамон тавоно ва замонавӣ гаштааст. Ҳодисаҳои охири сарҳадӣ бори дигар нишон доданд,ки шаҳрвандони ватандӯст ва бонангу номуси Тоҷикистон ба-рои ҳифзи марзу буми кишварамон ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд ва барои ватани худ ҷони худро дареғ намедоранд.
Албатта, омили ватандўстии ҷавонон, донишу маҳорат ва андешаи миллии онҳо аз омўхтани улуми таърих, адабиёт, фалсафа, дин ахлоқ ва ғайра иборат мебошад. Ва барои омўхтану аз бар кардани ин ҷумла илмҳо вазифаи падарон ва модарон, устодон, олимону адибон ва ҷамъи солхўрдагоне, ки пастию баландии зиндагиро хуб медонанд, ба ҳисоб мераванд. Чунки, рушду такомули афкори гузаштагон мероси аҷдодӣ буда, муҳтавои он аз насл ба насл интиқол меёбад. Мо илми таърихро барои он меомўзем, ки аз бурду бохти аҷдодони гузаштаамон бохабар гашта дар ҳаёти кунунӣ ва ояндаи насламон иқтибосбандӣ андозем. Чӣ тавре гуфтаанд: «Ки бе дирўз ҳоло нест ва бе имрўз фардо нест». Аз навиштаҷоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «…бисёр мехостам, ки падарону модарон, муаллимону мураббиён, зиёиёни эҷодкори мо насли ҷавонро дар рўҳи ростию покӣ ва адолату ватанпарастӣ ва худогоҳии таърихӣ ба истифода аз мероси маънавии ахлоқии миллаташон ва гузаштагони ориёиамон тарбият намоянд» (Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. –Душанбе: Ирфон, 2006. С.516).
Аз надонистани ин қарзи фарзандӣ иштибоҳу гумроҳиҳои бахшанданопазир рух медиҳанд, ки ба қиммату арзиши насли феълию оянда таъсири манфӣ хоҳад расонд. Ман факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтарро хатм карда, аз раванди таълим дар ихтисоси таърих огоҳ ҳастам ва медонам, ки тарбияи ватандустии донишҷўён то кадом андоза ба омўзгор вобаста аст. Дуруст аст, ки дар нақшаҳои таълим барои донишҷўёни ихтисоси таърих таълими ин фан дар ҷумҳуриҳои баробарҳуқуқи мо, ба мисли Қавқоз, Гурҷистону Арманистон, имконияти бештар дода шудааст. Масалан, дар Қавқоз барои омўхтани таърихи ватанашон 400-500 соатӣ вақт ҷудо карда шудаасту барои донишҷўёни факултаи таърихи Донишгохи миллии Тоҷикистон дар солҳои то замони истиқлолият 46 соат. Аз ин бар меомад, ки қисме аз ходимони ҳизбию давлатии ватани мо оид ба таърихи аҷдодону ватанашон тасаввуроти кофӣ надоштанд.
Пўшида набуд, ки сиёсати интернатсионалистӣ дар замони Шўравӣ, танҳо таваҷҷуҳи мардумони дигари Шўравиро дар атрофи як миллат,-миллати рус ҷалб кардан буду халос. Ва ин «интернатсионализм» дар дохили деворҳои оҳанину дарвозаҳои бастаи Шўравӣ қарор дошт. Миллатҳои берун аз ҳудуди Шўравӣ дар қолаби интернатсионалистии Шўравӣ чой намегирифтанд. Яъне сиёсати интернатсионалистии Шўравӣ дар ҷумҳуриҳои дигар, аз ҷумла дар ҷомеаи мо низ маънои руй гардонидан аз фарҳангу тамаддуни худро дошту худогоҳию худшиносиро ба таърих ва тамаддуни бегона тақозо менамуд. Ҳатто шахси «интернатсионалист» ба мақомҳои болоӣ ба кор тавсия меёфту миллатшинос аз «боварӣ» берун қарор дошт.
Имрўз бо гузашти айём дар зиндагии мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд, ки мо дорои истиқлолияти давлатӣ ҳастему соҳиби ҳуқуқи худмуайянкунандаю миллӣ: ифода намудани афкору андешаҳои миллии нав мебошем. Қобили қаноатмандист, ки худи сарвари давлатамон Президенти кишвар Эмомалї Раҳмон оид ба омўзиши таъриху тамаддуни дирўзу имрўзи кишвари аҷдодони тоҷик ҷонфидоиҳои беназир карда истодааст. Гузашта аз ин, худ муаллифу созандаи чандин асарҳои таърихӣ: «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар чанд китоб,«Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»,«Тоҷикон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин» ва ғайра буда, аз тамоми зиёиёни тоҷикистонӣ тақозо дорад, то ба омўзишу таҳқиқоти амиқу жарфтари таъриху тамаддуни аҷдодии хеш аҳамияти бештар дода бошанд.
Китоби “Тоҷикон”-и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби муҳаққиқону донишмандони ватаниву хориҷӣ ҳамчун сарчашмаи худшиносиву худогоҳии миллӣ, равшанкунандаи саҳифаҳои таърихи мардуми Осиёи Марказӣ, василаи таҳкимбахши ваҳдату дӯстӣ миёни қавму қабила ва миллатҳои гуногун пазируфта шудааст. Хушбахтона, китоби мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр ва дастраси ҳар оилаи тоҷик гардид.
Оре, танҳо дониши саҳфаҳои пурхаму печи таърихи аҷдодиамон метавонад афкору андешаи имрўзаи моро нисбат ба худшиносии миллӣ бедор намояд. Дар навиштаҳои Эмомалӣ Раҳмон чунин ишора дида мешавад: «Бе маърифати таърихи халқи худ, бе такя ба маънавиёти пурғановати гузашта, бе истифода аз анъанаву суннатҳои дар тўли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, ки дар паси пардаи онҳо ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҳар як халқу миллат ниҳон аст. ба муваффақият ноил шудан амри муҳол аст ». (Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. –Душанбе: Ирфон, 2006. С.8-9).
Бо ҳамин асос гуфта метавонем, ки дар ташаккули афкори худшиносии миллӣ, таълиму таҳқиқи таърихи тўлонии аҷдодони пешинаамон худ сарчашмаи илму дониш ба ҳисоб рафта, баҳри болоравии ҳисси худогоҳию худшиносии мардуми мо асос шуда метавонад.
Биноъан дар оғози тадриси таърихи халқи тоҷик устоди ин фанро лозим аст, ки баъди посух ба саволи таърих чист додан, шогирдонро водор намояд ба кишваре, ки имрўз Ватани мо-Тоҷикистон ном дорад муҳаббат дошта бошанд. Зеро падару модар, бобою модаркалон ва аҷдоди гузаштагони мо зодаи ин сарзамин буда, худашон насли давомдиҳандаи замони нав мебошанд.
Тарбияи худшиносӣ ва худогоҳӣ барои ҷавонон хронологияи муайян надорад. Волидайнро лозим аст, ки аз рўзи аввали ба дунё омадани тифли навзод ўро бо шири модару аллаи гаҳвора шеваи миллию хештаншиносиро омўзонанд. Дар мавриди ба ақли расо омадани тифл ўро ба шиносоию меҳри хонаводагӣ, баъдан бар хешу ақрабо, аҳли деҳаю (маҳаллу) ҳамдеҳагон ва ниҳоят ба ноҳияи хешу дигар шаҳру ноҳияҳои атроф муаррифӣ намуда, нисбат ба онҳо дар дили кўдак меҳри шиносоӣ муҳаббати миллӣ андозанд.
Талабаи мактаб то хатми мактаби миёнаи умумӣ ва гирифтани номаи камол, бояд тасаввуроти комиле пиромуни таърихи умумибашарӣ, хоса таъриху тамаддуни аҷдодони худ дошта бошанд. Онҳо бояд арзу мулки хешро дар ҳамсарҳадӣ ба мамолики ҳамҷавор, хати ҷуғрофиёӣ, мавҷудот ва фоизи кўҳҳои иҳотакунандаи кишвар, дарёҳо, ҷангалзорҳо, анвои гуногуни кишоварзию боғдорӣ, нуқтаҳои мусоиди чорводорӣ, теъдоди нуфузи кишвар, фоизи муйяни миллатҳои дигари сокини кишвар, қаҳрамонҳои Тоҷикистон, қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шўравӣ, ки дар набардҳои ҶБВ ҷасорат нишон дода буданд, дониста бошанд. Онҳо бояд шоҳроҳ ва хатҳои нақлиёти автомобилгарду роҳҳои оҳану, хатсайрҳои ҳавопайморо донанд. Ҷавонон бояд, мавҷудияти вилоятҳо, мухторияи Бадахшони кўҳӣ, теъдод, минтақаи ҷойгиршавӣ ва номи ноҳияҳоро комилан донанд. Муқаддасот ва рукнҳои давлатӣ, суруди миллиро низ аз бар карда бошанд. Ҷумҳурии мо, аз лиҳози Конститутсионӣ кадом сохти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоиро пеша кардааст. Сохтори давлатии мо: мақоми президенту маҷлиси олӣ, маҷлиси миллӣ ва ғайраро донистан зарур аст.
Ҳамчунин ҷавонон бояд донанд, ки кишвари мо дар минтақаи Осиёи Миёна қарор дошта, чаҳор фасли солро сипарӣ менамояд. Ҳамаи элементҳои химиявии Менделеев дар сарзамини мо арзи вуҷуд доранд. Аз лиҳози гиёҳҳою маъданҳои рўизаминию зеризаминӣ ғанї мебошанд. Арзу буми Тоҷикистон мўъҷизаю муқаддасоте мебошанд, ки аз мо ҳастанду ба мо мебошанд. Ва чун муқаддасоти миллӣ бо чашми меҳрангезу ватандўстӣ дар хизмату муҳофизати мо қарор доранд.
Дар ин замина ҷавонони мо бояд пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, вазъи экологии кишварро хуб тасаввур карда бошанд. Чунки дар давраҳои охир пайваста ба рушду нумуи истеҳсолоти саноатӣ, хисорае ба ҳавои муҳити зист дарк карда мешавад. Насли ояндаи мо бояд аз ин лиҳоз, хам дар амният бошаду, ҳам ҳушдори осоиштагии имрўзу фардои худ. Дар тўли 2-3 даҳсолаи охир афзоиши нуфузи аҳолии кишвар ба маротиба афзуда истодааст. Ин ҳодисоти табиӣ низ бояд мавриди фаҳмишу эҳсоси ҷавонон карор дошта бошад.
Ҳар марҳалаи инкишофи таърихи аҷдодони мо пур аз ибрату ҷолиби диққат мебошад. Пешбарандаи иқтисодиёту сиёсат, иҷтимоиёту маънавиёт, ақлу хирад ва заковати одамон маҳсуб мегардад. Дар баробари садҳо мутафаккирини гузашта, боз даҳҳо сиёсатмадороне дар ҳаёти аҷдодони мо ба дунё омаданд, ки саҳифаҳои таърихро нурафкану пуркорӣ кардаанд.
Хулоса, тарбияи ҳарбӣ‐ватандӯстӣ барои баланд бардоштани
ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, ифтихори миллӣ ва содиқ будан ба Ватан ва арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд. Дар шароити имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоламон тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстиву худшиносӣ ва созандагию бунёдкорӣ вазифаи муқаддаси
ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.


