Восеъ – пешвои шӯришгарон
(Аз рӯӣи амали рассом С. Пирумшоев)
Дар байни шӯришҳои солҳои 80-уми асри XIX бузургтарин шӯриш бо сарварии Восеъ ба ҳисоб меравад, ки он соли 1888 дар бекигарии Балҷувон ба амал омадааст. Сабаби асосии ин шӯриш низ бенавоӣ ва фақирии халқ, зиёд будани андозҳо, худсарии ҳукуматдорони маҳаллӣ ва ғаӣра буд. Бенавоии мардуми ин бекигарӣ ба дараҷае буд, ки мувофиқи нақли яке аз иштирокчиёни ин шӯриш Давлат Собиров, дар он замон «дар ихтиёри мардони як деҳа танҳо як ҷома буд ва касе ба бозор равад ё домод шавад, ҳамон ҷомаро мепӯшид». Падари Восеъ – Шакар (номи бобояш Белак) деҳқони камбағал аз деҳаи Нурунҷ будааст. Муҳтоҷӣ ӯро ба деҳаи Дараи Мухтор (марбути Ховалинг) овард ва Восеъ дар ҳамин деҳаи на он қадар калон ба дунё омад. Ӯро дар ҷавониаш ба ҳаӣати сарбозони ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарабек (Сарахон) сафарбар намуданд ва соли 1870 дар ҷангҳои муқобили қӯшунҳои амири Бухоро – Музаффар ширкат варзидааст. Вай ҳатто дар яке аз ҷангҳо бо ҳокими Дарвоз низ иштирок намудааст. Восеъ акнун бо баъзе нозукиҳои санъати ҳарбӣ шинос буд. Касби Восеъ деҳқонӣ ва ҷувозкашӣ буда, зағирро қисман худаш кишт мекард ва онро бештар аз деҳқонони деҳаҳои гуногуни атроф харида, ҷувоз мекашид ва равғанашро дар бозори Ховалинг мефурӯхт. Ҳангоми шӯриш Восеи паҳлавонҷусса тахминан 35-37- сола будааст.
Мувофиқи ривоятҳо, дар яке аз рӯзҳои бозор ҳокими Балҷувон Мирзо Акрам ҳамроҳи закотчиёнаш ва чанд нафар сарбозон ду деҳқони маҳбусро барои сари вақт насупоридани андоз ба бозори Ховалинг барои қатл овардаанд. Восеъ аз воқеа воқиф шуда, ба беку амалдорон ҳамлаи шерона намуд ва маҳбусонро аз марг наҷот дод. Қисме аз деҳқонони дар бозор буда ба Восеъ ҳамроҳ мешаванд. Ҳоким бо сарбозони худ аз тарс роҳи гурезро пеш гирифтаанд. Мувофиқи ин ривоят, ҳамин ҳодиса барои оғози шӯриш баҳонае гардидааст.
Дар ибтидои шӯриш дар атрофи Восеъ 11 тан ҳамдиёронаш будаанд, вале ба зудӣ сафи онҳо ба 600 кас расидааст. Онҳо 20 рӯз дар деҳаи Сурсақова ба мубориза тайёрӣ дидаанд. Ҳокими Балҷувон бо қувваҳои дар ихтиёр доштааш ба бошишгоҳи шӯришгарон ҳамла кард, вале шикаст хӯрд. Шӯришгарон деҳаи Хӯҷабалҷувон ва ниҳоят, қалъаи Балҷувонро, ки маркази ҳокимнишин буд, соҳиб шуданд. Ҳоким бо амалдорону сарбозонаш гурехт. Балҷувон 8 рӯз дар ихтиёри шӯришгарон монд. Шумораи шӯришгарон то ба ҳазор нафар расид. Онҳо асосан мардуми деҳаҳои Маҳмуддара, Сӯҷиён, Шайхон, Чуқурак, Оқтирак ва ғайра буданд. Дар ин муддат Восеъ «ҳукумати худро» ташкил дод, ки дар он Юсуф ном шахс вазир, Мулло Назир, ки ӯ ҳам мисли Восеъ ҷувозкаш буд, девонбегӣ таъйин гардиданд. Шӯришгарон бо гирифтани ҳокимият хотирҷамъ шуданд.
Ҳокими Балҷувон Мирзо Акрам аз вазъият истифода карда, тавонист қувваҳои парокандаи худро сарҷамъ намояд. Дар ин муддат ба ихтиёри ӯ чун кумак аз беки Кӯлоб отряд низ омада расид. Мирзо Акрам якҷо бо ин қувваҳо ба қалъаи Балҷувон ҳуҷум карда, онро соҳиб шуд. Шӯришгарон ба сӯйи Кангурт қафо гашта, деҳқонони Кангурту Қизилмазорро ҷамъ намуданд ва қалъаи Балҷувонро дубора ба даст дароварданд. Дар ин муҳориба сарвари нави қӯшунҳои ҳокими Балҷувон Аллаёр кушта шуд. Ҳокими Балҷувон роҳи гурезро пеш гирифта, ин дафъа дар кӯҳҳои Қизилмазор манзил гирифт. Балҷувон, Ховалинг ва Кангурт ба ихтиёри Восеъ гузашт. Овозаи ғалабаҳои Восеъ то ба амир Абдулаҳадхон, ки барои истироҳати тобистона ба Шаҳрисабз омада буд, низ расид. Ин хабар бо фиристода шудани дастаи сарбозон бо сарварии Яъқуббек аз тарафи амир ба сӯйи Ҳисор мувофиқ омад. Беки Ҳисор Остонақул-қӯшбегӣ баробари расидани сарбозон ба онҳо қӯшунҳои худро низ ҳамроҳ намуд ва сарварии умумиро ба уҳдаи худ гирифта, барои саркӯб кардани шӯриш, ба сӯйи Балҷувон шитофт. Восеъ аз омадани қувваҳои зиёди амирӣ хабардор шуда, дар дараи Пули Сангин – пули дарёи Вахшро, ки ягона гузаргоҳ ба сӯйи Балҷувон буд, вайрон кард. Вале Остонақул барои аз дарёи Вахш гузаштан мардуми деҳаи Норак ва атрофи онро сафарбар намуда, бо дасти онҳо пул (амад)-е бунёд кард.
Қӯшунҳои Остонақул баробари аз дарёи Вахш гузаштан, ба муқобилати сахти шӯришгарон дучор шуданд. Дастаҳои Восеъ – пешвои шӯришгарон (Аз рӯйи амали рассом С. Пирумшоев) ҷудогонаи шӯришгаронро дӯстони содиқи Восеъ – Назир, Карим, Наим, Нозим, Муҳаммадӣ, Муродалӣ, Раҳимбой, Саидалӣ ва Давлат сарварӣ мекарданд. Вале бартарӣ дар тарафи Остонақул буд, зеро дар Кангурт ба онҳо отрядҳои парокандаи беки Балҷувон низ ҳамроҳ шуда буданд. Дар Тутқавул ва Кангурт байни шӯришгарон ва қӯшунҳои Остонақул ҷангҳои шадиде ба амал омаданд, ки ин ҳар ду муҳориба ҳам бо ғалабаи Остонақул ва мағлубияти шӯришгарон анҷом ёфт.
Восеъ баъди шикастҳо дар Тутқавул ва Кангурт аз муҳорибаи нав даст кашида, бо дастаҳои боқимондааш ба сӯйи деҳаи Сарипул (шимолу шарқии Ховалинг) ва Гулдара қафо гашт, вале ҳангоми аз кӯҳҳои Девлох ба Буздара ном чарогоҳ гузаштан дар он ҷо Восеъ ва ҳаммаслаконашро сарбозони ҳоким интизор буданд. Дар ин ҷанги нобаробар (тахминан охири августи соли 1888) Восеъ асир афтод. Ӯро аз он ҷо аввал ба Балҷувон, баъд ба Ҳисор оварданд ва аз он ҷо беки Ҳисор Остонақул қушбегӣ Восеъро бо 6 нафар ҳамсафонаш ба Шаҳрисабз, ба ҳузури амир Абдулаҳад, ки ҳанӯз ҳам истироҳаташро дар он ҷо давом медод, фиристод. Бо ҳукми амир Восеъро дар тоқи нимвайронаи Оқсаройи Шаҳрисабз ба дор овехтанд. Баъди саркӯб намудани шӯриш 120 нафар иштирокчиёни он ҳабс ва 46 нафарашон қатл карда шуданд. Таъқиби иштирокчиёни ин шӯриш 5 сол давом кардааст.
Сабаби асосии шикасти шӯриши Восеъ, чун дигар шӯришҳои деҳқонӣ, пеш аз ҳама, ба он ҷалб нагардидани деҳқонони дигар деҳаю бекигариҳо, камтаҷрибагии сарварони шӯриш, мавҷуд набудани нақшаи амалиёт, нокифоягии аслиҳаи ҷангӣ ва ғайра буданд. Аҳамияти шӯриши Восеъ он аст, ки баъди саркӯб карда шудани шӯриш ҳукуматдорони амирӣ маҷбур шуданд миқдори ситонидани баъзе навъҳои андозро кам намоянд (масалан, аз наску нахӯд) ва баъзеашро (ба монанди «сабзапулӣ», ки аввали баҳор аз ҳар оила 4-тангагӣ рӯёнида мешуд) аз байн бардоранд. Рафти ин шӯриш, қаҳрамониҳои Восеъ ва мардуми ин диёр дар романи Нависандаи халқии Тоҷикистон С.Улуғзода «Восеъ» ба таври образнок нишон дода шудааст.
Бознашр аз сомонаи https://donish.org/tj



