Мақбараи Хоҷаи Нақшрон ёдгории меъмории асрҳои XI – XII буда, дар доманакӯҳҳои Боботоғ, дар қисмати ҷанубии дарëи Қаратоғ, ҳудуди ҷамоати деҳоти Т. Туйчиев-и шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошад. Маҷмаъа аз ду мақбара – шимолу шарқӣ ва ҷанубу ғарбӣ иборат аст.
Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои барқарорсозӣ дар Мақбараи Хоҷа Нақшрон дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.



