Барои таҳияи «Харитаи хатсаӣри Шӯриши Восеъ» аз доираи васеи адабиётҳои илмӣ ва таърихӣ оид ба Шӯриши Восеъ истифода мегардад. Пеш аз ҳама, барои дарки сабабҳои саршавӣ, раванд ва оқибатҳои шӯриш асарҳо ва мақолаҳои муҳаққиқони маъруф Пирумшоев Ҳ., Ғафуров Б., Мухторов А., Искандоров Б. ва Қушматов А. мавриди омӯзиши амиқ бояд қарор дода шаванд. Мавриди таъкид аст, ки аз ҳама бештар оид ба Шӯриши Восеъ Ҳаӣдаршо Пирумшоев тадқиқот анҷом додааст.
Инчунин дар вақти таҳияи «Харитаи хатсаӣри Шӯриши Восеъ» аз осори Асозода Х. «Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ», Бобоев Ю. «Қаҳрамони халқ», Болдирев А. Н. «Дар бораи шӯриши Восеъ», Бузургзода Л., Ҷалилов Р. «Инъикоси Шӯриши Восеъ дар фолклор», «Восеънома» (мураттиб ва муаллифи пешгуфтор С.Эшонқул), Ёқубов Л. «Нақли бобо Давлат», Шермуҳаммадов Б. «Назаре ба таърихи гирдоварӣ, нашр ва таҳқиқи «Сурудҳои Шӯриши Восеъ», Шоев Э. «Романи Восеъ аз забони халқ», Маъсумӣ Н. «шӯриши Восеъ ва сурудҳои таърихӣ», Раҳимӣ С. «Намунаҳои халқ дар хусуси Шӯриши Восеъ», Собир Б. «Ғазои Восеъ» ва китоби Суфизода А. «Фолклор -ҳамрадифи таърих» васеъ истифода мегардад.
Ин манбаъҳо паҳлӯҳои гуногуни мавзӯи мавриди таҳқиқро фаро гирифта, барои таҳияи «Харитаи хатсаӣри Шӯриши Восеъ» заминаи илмӣ ва назариявии заруриро таъмин менамояд.




