Дар Тоҷикистон қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия мегардад
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур дода шуд, ки лоиҳаи қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия гардида, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар мамлакат қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест.
Пешвои миллат изҳори итминон намуданд, ки амалӣ намудани чунин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон мегардад.
Мероси таърихию фарҳангӣ барои миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун шиносномаи миллат ва нуфузи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар пойдории забони миллат, давлат ва ҳувияти миллӣ пойгоҳи асосӣ ба шумор меравад.
Тавре директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва таъриху фарҳангсозӣ бо суръат идома дорад, мероси таъриху бостонӣ ва фарҳангӣ ба рукни асосии ҳифзи арзишҳои миллӣ, омили худшиносию худогоҳии ҳар миллат табдил ёфтааст.
Миллати тоҷик таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ имкон пайдо намуд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро ҳифз ва эҳё намуда, нодиртарини онҳоро ба ЮНЕСКО номнавис кунад ва бо фарзандони фарзонаи худ соҳиби мақоми байналмилалӣ гардад.
«Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурате ба миён омадааст, ки олимони соҳаи таъриху бостоншиносӣ бояд таъриху тамаддуни тоҷикро амиқтар таҳлил ва пажӯҳиш намоянд. Дар ин самт зарур аст, ки аз ҷониби мутахассисон ва пажўҳишгоҳҳои соҳавӣ таҳқиқот ба анҷом расонида шуда, ба нашр ва паҳн намудани асарҳои илмӣ оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мусоидат карда шавад. Дар воқеъ, новобаста аз он ки зиёда аз 70 фоизи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакатро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни соҳавии бостоншиносӣ мавҷуд нест», -афзуд директори агентӣ.
Ба андешаи номбурда, дар ҳамин раванд дар қатори маблағгузорӣ аз буҷаи давлат ҳарчи бештар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ бобати муаррифӣ ва пажӯҳиши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо ҷалби олимони ватанию хориҷӣ ва омода намудани мутахассисони касбии миллӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Шералӣ Хоҷазода изҳор медорад, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, новобаста ба вазъи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифз ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон таваҷҷуҳи махсус равона намуд. Тавассути ин сиёсат имрӯз ҷаҳониён аз таъриху фарҳанги ин миллати қадим бархурдор мебошанд.
Таъсиси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст, бори дигар таваҷҷуҳи хоссаи ҳукумати мамлакатро ба соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда ба таври сазовор мерос мондани онҳо нишон медиҳад.
«Таҳияи барномаҳои соҳавӣ бо ҷалби дигар манбаъҳои буҷавӣ омили ҳифз, эҳё, муаррифӣ ва рушди соҳа гардида, ҳамчунин тараққиёти сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва табиӣ оғоз гардид. Бояд таъкид намуд, ки имрӯз таввасути маблағҳои буҷавӣ дар мамлакат зиёда аз 120 ёдгории мероси бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ эҳё гардида, даҳҳо ёдгории мероси моддӣ тармим ва маҳфузмонӣ гардидаанд. Тавассути ин амали шоиста мушкилот мунтазам бартараф гардида, соҳа рӯ ба таррақӣ ниҳод ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид», — гуфт директори агентӣ.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ ба ривоҷи таҳким ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, барқарорсозии мавзеъҳои таърихӣ, бостонӣ ва табиӣ иқдом карда шуд. Мавқеи корҳои анҷомёфта дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи ниёгон бо истифода аз маводи тармиму барқарорсозии муосир назаррас мебошад. Бо риояи талаботи соҳавӣ технологияи истеҳсоли маводи меъмории тармиму барқарорсозӣ ба роҳ монда шуд. Ин мавод дар ёдгориҳои тармиму барқароршавандаи Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Муҳаммад Башоро, қалъаҳои Муъминобод, Балҷувон ва Қасри Ҳулбук мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории дараҷаи миллӣ, ки боқимондаҳои онҳо дар асоси талаботи байналмилалӣ аз 17 фоиз зиёд аст, таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Эҳёи ёдгориҳои меъморӣ ва маҷмааҳои таърихии тахрибшуда, ки то замони истиқлол ба фаромӯшӣ рафта буд, оғоз гардидааст. Ҳамчунин дар ин маврид таъсиси осорхонаҳо, мамнуъгоҳҳо, марказҳои мероси хаттӣ, китобхонаҳо барои ҳифзу нигаҳдошт ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани осори бостонӣ, мероси хаттӣ, моддӣ ва ғайримоддии миллӣ инкишоф ва рушд ёфт.
Имрӯз ин амали созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бори дигар нишон дод, ки тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт миллати созанда ва бунёдкор ба шумор мераванд. Дар ин раванд марказҳои бузурги таърихии миллӣ ва мавзеъҳои бостонӣ дар Панҷакент, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҳисор, Бохтар, Ҳулбук, Балҷувон, Ховалинг, Данғара, Кӯлоб ва Хоруғ эҳё ва барқарор гардиданд.



