САРАЗМ ЯКЕ АЗ МАВЗЕЪҲОИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ

Ёдгории таърихию фарҳангии шаҳри Саразм соли 2018 ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ин шаҳри бостонӣ дар деҳаҳои Соҳибназар, Авазалӣ ва Раҷабалии  Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир мебошад.

Шаҳри қадимаи Саразм мансуб ба аҳди биринҷӣ буда, яке аз намунаҳои олии шаҳрсозӣ ва шаҳрдории тоҷикон ба шумор меравад. Он ҳудуди 100 гектарро дар бар мегирад.

Аввалин бозёфти Саразм табари биринҷӣ мебошад. Дар натиҷаи ин ҳафриёт ва ковишҳои археологӣ аз ин шаҳраки бостонӣ бозёфтҳои наву ҷолиб ба даст омаданд, ки оид ба ҳаёти иқтисодӣ ва мадании ниёгони тоҷик дар ҳазораи IV ва II то милод маълумоти саҳеҳ медиҳанд.

Омузиши ин мавзеъи таърихӣ идома дошта, ҳамасола олимони зиёд аз дохилу хориҷи мамлакат ҷиҳати ковишҳои бостоншиносӣ анҷом додан ба ин ёдгорӣ меоянд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top