Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ дар баробари муайян намудани дигар самтҳои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, ба масъалаи таърих ва фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин Паём эҳё, ҳифз ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии тоҷикон ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, мавриди таҳлили амиқ қарор мегирад.
Яке аз нуктаҳои асосии Паём бедор намудани хотираи таърихӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки донистани таърих ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон дар ташаккули ҳисси миллӣ ва ватандӯстии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Дар ин замина, бунёд ва азнавсозии даҳҳо иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, далели равшани дастгирии давлатии соҳаи фарҳанг ба шумор меравад.
Дар Паём ба рушди маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Нашри садҳо номгӯй китобҳои бадеӣ ва бачагона, инчунин чоп ва ройгон тақсим гардидани асарҳои гаронбаҳои «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» иқдоми муҳиме дар роҳи баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва пайванди наслҳо бо фарҳанги куҳан маҳсуб меёбад.
Масъалаи ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ дар Паём бо нигаронии хос матраҳ гардидааст. Гарчанде Тоҷикистон дорои ёдгориҳои зиёди бостонӣ мебошад, мавҷуд набудани қонуни махсуси бостоншиносӣ ҳамчун камбудии ҷиддӣ арзёбӣ мешавад. Дар ин робита, супориши таҳияи қонуни дахлдор нишонаи сиёсати дурбинонаи давлат дар самти ҳифзи мероси миллӣ мебошад.
Дар сатҳи байналмилалӣ низ ҷойгоҳи фарҳанги тоҷикон дар Паём равшан инъикос ёфтааст. Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои Хуттали қадим, эътирофи Панҷакент ҳамчун шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ ва бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ, аз ҷумла Робияи Балхӣ, далели саҳми тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат ба муаррифии шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ, аз ҷумла Борбади Марвазӣ, таваҷҷуҳ намуда, пешниҳод мекунанд, ки номи ӯ ба феҳристи шахсиятҳои барҷастаи ЮНЕСКО ворид карда шавад. Ин иқдом бозгӯи сиёсати фарҳангии фаъол ва ҳадафманди давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар маҷмуъ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъриху фарҳанги миллӣ на танҳо таҳлили вазъи кунунӣ, балки барномаи мукаммали ҳифз, рушд ва идомаи арзишҳои миллӣ барои наслҳои оянда мебошад. Он ҷомеаро ба ифтихор аз гузашта, масъулият дар ҳифзи мерос ва саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги миллӣ ҳидоят менамояд




