Зери ин унвон дар маҷлисгоҳи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ, мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввари мазкур масъулин атрофи мавзўъҳои «Аз таърихи таҷлили Шаби Ялдо», «Анъанаҳои Шаби Ялдо» ва «Хусусиятҳои фарқкунандаи таҷлили Шаби Ялдо аз дигар ҷашну маросимҳо» маърӯза намуданд. Дар идомаи кори мизи мудаввар музокирачиён атрофи ин мавзуъ баҳси илмӣ намуда, бо андешаҳои худ мазмуну муҳтавои ин нишастро комил намуданд.






