Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар Паём

Таърихи 22.12.2025 дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъомад баргузор гардид. Вобаста бо муҳтавои умумии Паём Директори Агентӣ Хоҷазода Шералӣ Раҷаб шарҳи муфассал дода ҳозиринро ба омӯзиши ҳаматарафаи паём ҳидоят намуд. Сипас сардори шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва ҳуқуқ Амирзода Сайёд ва сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорат Дилафрӯз Назарова бо маърӯзаҳои алоҳида баромад намуда паҳлуҳои гуногун аз ҷумла ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, таъмиру тармими ёдгориҳо, вусъати корҳои бостоншиносӣ, таҷлили ҷашнҳои миллӣ, таърихи миллат ва дигар самтҳои дахлдори онро бо самъи ҳозирин расониданд.

Таъкид намуданд, ки сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои иқтисоду иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, аз ҷониби Пешвои миллат хеле хубу фаҳмо таҳлил гардида, ягон паҳлуи ҳаёти имрӯзаи мо аз таҳлили Пешвои миллат канор намонд. Аз ҷумла вобаста ба таърихи миллат, ҷашнҳои миллии он, корҳои ҳафриёту бостоншиносӣ, нигоҳдорӣ ва таъмиру тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ суханронӣ намуда онро ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як фарди ҷомеа арзёбӣ намуданд.

Қайд гардид, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж, баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад. Дар ин робита таъкид намуданд, ки соли 2025 бо саъйю талошҳои ҷумҳурии мо 11-ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хосаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Сарвари давлат дастур доданд, ки бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ҳамчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки лоиҳаи қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия гардида ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Яке аз нуқтаҳои меҳварӣ дар масъалаи муаррифӣ ва шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ, ин дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмиллалии Наврӯз мебошад.

Бояд гуфт, ки ташкил ва ба истифода додани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки минбаъд таваҷҷуҳи муҳаққиқону муаррихон ба таърихи беш аз 6 ҳазорсолаи халқи тоҷик афзояд. Ташкили ин марказҳо нишон медиҳад, ки бори дигар ва ба таври шоиста миллати тоҷик ҳамчун меросбари ягонаи тамаддуни ориёӣ дар минтақа муаррифӣ шавад.

Имрӯз ин амали созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бори дигар нишон дод, ки тоҷикон дар тамоми соҳаҳои  ҳаёт миллати созанда ва бунёдкор ба шумор мераванд.

Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдодони худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Ва ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихор барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳем.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top