Дар маркази деҳаи Қурбоншаҳид, 150 м шарқии Қалъаи Ҳулбук, назди осорхона кашф гардидааст. Андозааш 19х17 м буда, аз хишти пухта сохта шудааст, ҳаҷми баъзеашон 60х40 см мебошад. Ҳаммом аз даҳлез, 5 ҳуҷра ва буғхона иборат аст. Девораҳои андоваи гаҷӣ дошта бо рангҳои гуногун наққошӣ шудаанд. Сохтмони ҳаммом асри XI мебошад.



