Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Дар айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки як қисми онҳо аз ҷониби олимони дохилию хориҷӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Ёдгориҳои таърихии кишвари мо ҳазорон сол аст, ки арзи ҳастӣ дошта, аз қарнҳои 4-3 пеш аз мелод то ба асри мо расидаанд. Ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ арзишҳои муҳими ҳаёти зеҳнии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳифз, эҳё ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо ояндаи боэътимоди давлатро таъмин менамояд.



