Ҳамдиёрони азиз!
Баъд аз чанд лаҳза соли 2025, ки дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон бо хотираву рӯйдодҳои неки ободиву рушди Ватани азизамон сабт хоҳад шуд, сипарӣ гардида, соли нави мелодии 2026 фаро мерасад.
Ҳамаи шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 сидқан табрику шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор, иқболи хуҷастаи хонаводагӣ ва барору комёбиҳои нав ба нав таманно менамоям.
Соли 2025 ҳамчун соли сивучорумин солгарди озодиву соҳибистиқлолии Ватанамон барои хурду бузурги мамлакатамон воқеан таърихиву бобарор ва соли амалӣ шудани умеду орзуҳои неку созанда буд.
Дар соли сипаригардида бо сиёсати созандаю ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба дастовардҳои беназири таърихӣ ноил гардида, обрӯ ва эътибори Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд гардид.
Доир ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимтарин, дастовардҳои сол ва нияту нақшаҳои нав барои соли оянда, ки албатта, боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва пешрафти Ватанамон хоҳанд гардид, чанд рӯз пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал изҳори андеша намуданд.
Бо таваҷҷуҳ ба дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи ҷаҳони имрӯза, хатару таҳдидҳои рӯзафзун, масоили мубрами иқтисодиву сиёсӣ ва экологӣ ҳар яки моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ ва ҳушёру зирак бошем.
Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Дар ин сол низ мо бояд бо ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон дастҷамъона ва содиқона талош намоем.
Дар остонаи истиқболи соли нави мелодӣ, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад, бо эътимоди комил изҳор медорам, ки соли нави мелодии 2026-ум барои таҳкиму тавсеаи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, пояҳои давлатдории навини тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа, инчунин, ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир хоҳад гузошт.



