Саиднуриддинзода А.С. – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Дар ин, ки шаҳри Мунк яке аз бузургтарин шаҳрҳои Хатлони бостонӣ буд, ҷои шаку шубҳае нест. Он яке аз шаҳрҳои мутамаддине маҳсуб ёфта, мардуми он бо кулолгарӣ, шишарезӣ, бинокорӣ, оҳангудозӣ ва дигар ҳунарҳо маъмулу машҳур гардида буданд. Ин шаҳр дар таҳҷои Ховалинги имрўза доман густурда, аз деҳаи Таги Ҷари имрӯза то ба подомани Мазори Ҳазрати Султонро дар бар мегирифт.
Замони тараққиёти ин шаҳр давраи ҳукмронии шоҳу амирони Сомонӣ ба шумор рафта, дар миёни 12 шаҳри Хатлон шаҳри Мунк низ тобеъи давлати Сомониён буд. Сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ таъкид мекунанд, ки шаҳри калонтарини Хуттал дар асрҳои IX-XI маҳз шаҳри Мунк аст.
Яке аз маъхазҳои нодир «Китоб-ул-масолик-вал-мамолик»-и Абуисҳоқи Истахрӣ мебошад. Ин асар соли 930–933 замони авҷи тараққиёти давлати Сомониён навишта шудааст. Абуисҳоқи Истахрӣ дар ин асари нодири худ дар бораи 20-иқлими дунё маълумот дода, дар бори савдою иқтисодиёт, касбу ҳунар, роҳҳои корвонгузар, масофаи байни шаҳрҳо, ёдгориҳои маданӣ, маҳалҳои кӯҳӣ, кулу дарёҳои Мовароунаҳру Хуросон, Хуҷанд,Ҳулбук,Мунк,Қубодиён ва ғайра маълумот додааст. Истахрӣ дар китоби худ оиди Хатлон чунин ишора намудааст:
«… ва аммо шаҳри Хуттал-Искандара дар миёни кӯҳҳо ниҳодааст ва ҳамчунин шаҳри Мунк ва шаҳри Ҳулбук ва Хуттал дар миёни руди Вахшоб ва руди Бадахшон аст. Ва дар ин кӯҳ рӯдҳои бисёр аст. Ва ба наздикии шаҳри Тирмиз ин обҳо ҷумла шавад ва ба Ҷайҳун уфтад. Ва хонаҳои ин шаҳр (Мунк) ду ҷойгаҳ аз гил аст».
Асари дигар китоби таърихшиноси машҳур ва маъруфи асри X араб Мутаххар ибни Тоҳири Мақдисӣ «Ал-бадъ-ват-таърих» мебошад, ки соли 966, дар замони салтанати амирони Сомонӣ навишта шудааст.
| № | Шаҳру ноҳиёт | Тўл | Арз |
| 1 | Шаҳри Вахш дар водии Вахшоб | 920 201 | 370 401 |
| 2 | Тамлиёт | 930 401 | 380 401 |
| 3 | Мунк | 930 501 | 380 301 |
| 4 | Ҳаловард | 940 101 | 370 351 |
| 5 | Ҳулбук | 940 101 | 370 351 |
| 6 | Барохшаҳр | 940 301 | 380 101 |
| 7 | Поргар | 940 351 | 370 351 |
| 8 | Андичарағ | 940 401 | 370 351 |
| 9 | Вилояти Бадахшон | 950 101 | 950 501 |
| 10 | Каррон | 950 201 | 340 501 |
| 11 | Помир | 920 351 | 410 101 |
| 12 | Жошт | 930 251 | 400 201 |
Мақсадӣ шаҳри Мункро яке аз шаҳрҳои калонтарини Хатлонзамин ва дорои аҳолии бузургу боигарии зиёд маънидод кардааст.
Яке аз олимон ва муҳаққиқони бузурги Шарқ Абурайҳони Берунӣ дар асари худ «Қонуни Масъудӣ» соли таълифаш 1037-и мелодӣ дар бораи як қатор шаҳру кишварҳо маълумот дода, дар хусуси дар кадом арзу тӯли ҷуғрофӣ воқеъ будани онҳо ишора кардааст. Ӯ роҷеъ ба шаҳру ноҳиёти Хатлонзамин чунин маълумот додаст:
Таҳҷойи шаҳри Мункро бори аввал шарқшиноси барҷаста А.М.Белинницкий дар соли 1946 муайян кард. Ҳамчун инсони ниҳоят хоксор А.М.Белинницкий хизмати худро дар ёфтани харобаҳои шаҳри Мунк нодида гирифта, менависад, ки ҳанӯз дар шаҳри Сталинобод ӯ бо харитаи археологии бо даст кашидашудаи Тоҷикистон ошно гардид. Дар он харита маҳз харобаҳои шаҳри Мунк дар мавзеи наздикиҳои Ховалинг нишон дода шуда буданд. Аз тарафи дигар кормандони Институти таърих низ ин ақидаро тасдиқ кардаанд. Аз ҳамин рӯ, гурӯҳи бостоншиносон бе душворӣ дар наздикии Ховалинг харобаҳои Мункро пайдо намуданд.
Шаҳри Мунк дар қисми шимолу ғарбии маркази ноҳияи Ховалинг воқеъ гашта будааст. Дар ин ҷо дарёчаи Оби мазор ҷори буда, деҳаҳои Хонақо ва шаҳри Минг мавҷуданд. Ба ақидаи А.М.Белинницкий шаҳр дар қисми рости дарёчаи Оби мазор ҷойгир шуда, номи шаҳр дар номи деҳаи шаҳри Минг боқи мондааст.
Ҳамарӯза аз таҳҷои ин шаҳр ҳангоми кор дар назди ҳавлӣ, аҳолӣ ба сафолпораву шишапораҳои гуногун вомехӯранд. Аз ҷумла, маводҳои сохтмонӣ аз қабили сафолпора ва шишапорҳое ёфт гардида буд, ки мутаалиқи асрҳои IX-X мебошанд.
Аз таҳҷои шаҳри Мунк ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонию саҳроӣ қубурҳое ёфт гардидаанд, ки дар як қисми онҳо чун ҳазор сол пеш об ҷорӣ буд ва ба воситаи онҳо то ба Мунк об расонида мешуд. Аз ҷумла, банда низ ҳангоми навиштани рисолаи дипломиям ба ин гуна қубурҳо вохӯрдаму ба хотири гиромидошти ин мавзеъи Хатлонзамин яктои онро ба осорхонаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав овардам. Ҳамчунин ногуфта намонад, ки дар баробари ин қубурҳо даҳҳо ёдгориҳои дигар аз қабили чароғҳои оҳанин ва лойӣ, кӯзаҳо, корд, шонаи қолинбофӣ, атрдони гилин, рангдон, тангаҳои гуногун низ аз ин минтақа дастрас карда ба осорхонаи донишгоҳ супоридам.
Дар охири асри X (соли 983) дар «Ҳудуд-ул-олам»-и муаллифи номаълум Мунк «шаҳрак» номида шудааст: «Борсориғ, Мунк, Тамлиёт шаҳракҳоеанд хурд ва бисёр неъмату ободон ва мардумони ҷангӣ».
Мунк дар асрҳои X-XII бисёр ободу калон гардида, дар чоряки якуми асри XIII аз тарафи муғулҳо хароб карда шуда буд. Ба сабаби салқину сабзу хуррам будан ва оби фаровону чарогоҳҳои хуб доштан амири муғул Қазаған дар солҳои 758-59/1357-58 зимистонро дар Солисарой (ноҳияи Панҷ) «ва тобистону хазон (тирамоҳ) дар шаҳри Мунк ройати таваттун афрохтӣ» ( яъне дар ҳамон шаҳри Мунк зиндагӣ мекард). Боиси қайд аст, ки имрӯзҳо низ иқлими ин сарзамин хело дилписанд буда, ҳамасола ҳангоми расидани фасли гармо ҳамчун мавзеи истироҳатӣ ва саёҳӣ мавриди истифода қарор мегирад
Хулас хоки шаҳри Мунки бостонӣ, ганҷинае аз тамаддуни халқи тоҷик ба шумор меравад, ки то ҳол омўзиши дақиқӣ бостоншиносиро тақозо дорад.


