ҶАВОНОН – НЕРӮИ БУЗУРГ ДАР ИНКИШОФИ ИЛМУ ИРФОН

А. Саиднуриддинзода – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

         Дар ҳар як давру замон ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги ҷамъиятӣ барои рушду нумуи он мубориза мебаранд ва пойдории ин ё он ҷамъиятро таъмин менамоянд. Боигарии маънавии гузаштагон ва таҷрибаи таърихии онҳоро ба ояндагон фaқат ҷавонон расонида, аз ҷониби дигар ҳамаи ин нерӯи ҷавониро талаб менамояд. Аз ин рӯ дар такя ва эътимоди бузург ба ҳамин қишри ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи ҳар як миллатро ба ҷавонони баору номус, тарбиятдида, дорои донишҳои амиқ нисбат додаанд.

Ҷавонон дар ҷомеа нақши махсусро мебозанд. Ҷавонон-нерӯи рушди зеҳнии кишвар буда, қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Онҳо бояд дорои хислатҳои неки инсонӣ бошанд, бахусус босавод, боинтизом, бомаърифат маъсулиятшинос ва дар ҳамаи корҳои ҷамъияти фаъол бошанд.

Таърих собит сохтааст, ки дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти инсоният ҷавонон дар сафи пеш  меистанд, инчунин дар соҳаи илму ирфон низ мавқеи ҷавонон нақши хоса дорад. Саравал илму ирфон ҷавононро тарбия карда, барои инкишофи ояндаи худ неруи тавоноро пайдо мекунад. Дар навбати худ ҷавонон низ барои рушди ҳамин соҳаи илму ирфон хизмат мекунад ва уро ба қуллаҳои баланд мебардоранд. Аз ин рӯ, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад «Ҷавонони зиёие, ки бо илм машғул ҳастанд посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатанд».

Беҳуда нест, ки Ҳукумати Тоҷикистон хусусан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар раванди тадбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақоми ҷавонон, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонгардонии сину соли ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаи  мақомоти давлатӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

Ҳамаи ин ба души мо ҷавонони имрӯза вазифаи муҳими давлатиро мегузорад, ки мо онро дарк намуда, барои пойдории пеш аз ҳама соҳибистиқлолии ватани азизамон омода бошем. Асри 21-ум, яъне давраи ҷаҳонишавии тамаддунҳо нерӯи бузурги зеҳнии ҷавононро талаб мекунад. Барои ҳамин ҷавонони имрӯза барои аз бар намудани илмҳои дунявӣ ба хусус илмҳои дақиқ: физика, математика, астрономия, химия, биология ва даҳҳо илмҳои дигар бояд ҷиддан машғул бошанд. Ин талаби давру замони муосир аст.

Дар  Тоҷикистони азизи мо ҷавонон бо ғамхориҳои беназири зиёд фаро гирифта шудаанд. Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшиши худро ба он равона кардаанд, ки насли ҷавон барои таҳсил, гирифтани саводу донишҳои амиқ, ба камол расидан ҳамчун шаҳрвандони бомаърифат, солиму тансиҳат, соҳибтамаддун, дорои ахлоқи ҳамида тамоми шароитҳоро дошта бошанд. Бо кумаку дастигирии бевоситаи Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зиёди ба беҳбудии шароитҳои ҷавонон нигаронидашуда амалӣ мешаванд. 

Дар ҷумҳурӣ стипендияи президентӣ таъсис дода шуда, тибқи квотаи президентӣ ҳамасола ҷавондухтарону писарон аз ноҳияҳои дурдасти вилоят ба мактабҳои олӣ бе имтиҳон қабул карда мешавад.

Мо ҷавонон бояд дар вазъияти ҳассоси таърихӣ, моҷароҳои ҷаҳони имрӯза аз ҳар гунна ҷараёнҳои нохуби сиёсӣ, фанатизми диннӣ ҷавононро эмин дошта, онҳоро барои боз ҳам чуқуртар аз худ намудани илмҳои дунявӣ сафарбар намоем. Барои ин Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии хирадманди давру замон Эмомалӣ Раҳмон дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ нигоҳ накарда сади роҳи чунин моҷароҳоро гирифт.

Гаравидани ҷавонон ба сафи созмонҳои ифротгароӣ ва терористӣ ин хатар ба вазъи сиёсии кишвар ва ҷаҳон мебошад. Сабаби ин ҳама аз як ҷиҳат паст будани шуури ҷамъиятӣ бошад, аз ҷиҳати дигар фишори таҳавуоти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва иттилоотиву фарҳангии глобалӣ аз лиҳози ҷаҳонбинӣ ва ҳувият мебошад  Дар ҳамин ҷо бояд зикр кард, ки танҳо илму ирфон метавонад ҷавононро аз гаравиш ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳо нигоҳ бидорад.

Барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму ирфон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 40 муассисаҳои таҳсилоти олӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 200 000 ҳазор донишҷӯён таҳсили илм менамоянд, ки қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар таърихи соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли 2017, яъне соли ҷавонон бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шуд. Ва ин саҳифаҳои дурахшони таърих бо номи Пешвое, ки ба ҷавонон меҳру муҳаббати самими дорад – Эмомалӣ Раҳмон ҳазорсолаҳо гувоҳ боқи мемонад.

Албатта  ҷавонон  ҷавобан бо ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд, тавассути аз бар кардани илмҳои замонавӣ, бахусус забонҳои хориҷӣ, омузиши компютер, илмҳои дақиқ барои фардои дурахшони Тоҷикистон таҳкурсии мустаҳкам бисозанд.

Боварии комил дорем, ки ҷавонони мо ин масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона бо дониши хубу аъло, рафтори намунавӣ  ва дар корҳои созандагиву бунёдкори фаъолона адо менамоянд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top