Дахмаҳои ғорӣ дар девораҳои ду соҳили сойи Осиёб, ки шохоби чапи рӯди Вахш аст, назди деҳаи Сангтуда воқеъ гардидаанд. Дар ҳудуди қобили дидан 4 даромадгоҳи ғор ва 4 мағора намоён аст. Аз рӯйи нақли сокинони маҳалӣ дар девораҳои соҳили сой 12 ғор мавҷуд буда, онҳо дар баландии гуногун аз сатҳи замин воқеанд; ғорҳои болоӣ 2-3 м ва ғорҳои поёнӣ бо умқи 12-13 м мебошанд. Санагузории муқаддамотӣ : ба қарни I пеш аз мелод ва қарни IV мелодӣ мансуб мебошанд.



