«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Имсол дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мешавад. Озмун дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат гузаронида мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, озмун дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ доир мегардад.

Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, баргузор карда мешавад.

Озмун бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсади тарғиби таъриху фарҳанги миллӣ дар ҷомеа, хусусан дар байни наврасон ва ҷавонон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Аз ин хотир Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддию ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.

«Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба наслҳои оянда ба мерос гузорем», — изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top