Ёдгории таърихӣ-меъморӣ дар шаҳри Истаравшан (асри XVI)
Ин ёдгорӣ аз ҷиҳати сабки меъморӣ дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад. Мадраса саҳни дарозрӯя дошта, аз рӯйи тарҳ ба масҷидҳои ҷомеъ монанд аст. Аз дохили ин бинои таърихӣ, аз тарафи чапу рост ду роҳрав мавҷуд буда, барои болои мадраса баромадан сохта шудааст.



